Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни Асосӣ, албатта, догма нест. Пас чист?



Раҳматкарими Давлат

Рузи 6 ноябр дар Тоҷикистон рузи Конститутсияи ин кишвар шинохта шудааст.

Нахустин Қонуни Асосии Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол дар 6 ноябри соли 1994 зимни баргузории як назархоҳии умумӣ қабул шуд ва аз он таърих то кунун ҳамасола ин руз ба унвони рузи Қонуни Асосӣ таҷлил мешавад.

То соли 1994 дар Тоҷикистон Қонуни Асосии дар соли 1978 дар замони узви Иттиҳоди Шуравии собиқ будани Тоҷикистон қабулшуда амал мекард. Комиссияи таҳияи Қонуни Асосии ҷадиди Тоҷикистон баробари касби истиқлолияти ин кишвар ташкил шуд ва дар тобистони соли 1992 пешнависи ин қонуни ҳатто аз тариқи расонаҳо муаррифӣ гардид.

Аммо он замон ҳукумати мусолиҳаи миллӣ амал мекард ва дар он ҳукумат умдатан нируҳои миллигаро ва мазҳабӣ нуфуз пайдо карда буданд. Вале бо шиддат пайдо кардани танишҳо миёни ҷиноҳҳои даргир ва саросарӣ шудани ҷанги ҳамватанӣ имкони идомаи кори комиссияи мазкур ва баргузории раъйпурсӣ ба хотири қабули Қонуни Асосӣ номумкин гардид.

Баъд аз он ки Фронти халқии Тоҷикистон бо пуштибонии Русия ва Узбакистон пируз шуд ва ҳукумати феълӣ ба сардории Эмомалӣ Раҳмонов ба қудрат расид, дар ибтидо фурсати дарки зарурати Қонуни Асосиро надоштанд, вале чун таҳти шароити муносиботи хориҷӣ қарор гирифтанд, комиссияи дигаре ба манзури таҳияи Қонуни Асосӣ ташкил шуд, ки Абдулмаҷид Достиев, муовини раиси маҷлиси собиқ ва маҷлиси феълии Тоҷикистон, раёсати онро ба уҳда дошт ва бархе аз аъзои комисияи собиқи таҳияи Қонуни Асосӣ низ вориди комиссияи нав шуданд.

Дар тирамоҳи соли 1992 Шурои Олии Тоҷикистон шакли идораи раёсатҷумҳуриро барҳам зада, зери шиори барқарорсозии сохти конститутсионӣ роҳро барои ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмонов ҳамвор сохт. Ва тули ду сол дар Тоҷикистон усули идораи порлумонӣ ҷорӣ буд. Вале Қонуни Асосии соли 1994 Тоҷикистонро ҷумҳурии бо шакли идораи раёсатҷумҳурӣ эълон кард.

Аммо раъйгирӣ ба манзури қабули Қонуни Асосӣ дар соли 1994 дар ҳоли идомаи ҷанги ҳамватанӣ ва бидуни ширкати нируҳои мухолифи давлат сурат гирифт. Инчунин бештар аз ним милён нафар муҳоҷирони тоҷик низ дар ин раъйгирӣ ширкат накарданд.

Бино бар ин як шарти созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифин дар соли 1997 ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон буд. Бар асоси тағйироте, ки тибқи тавофуқи давлат ва мухолифин ба Қонуни Асосӣ ворид шуд, дар Тоҷикистон порлумони иборат аз ду маҷлис ташкил шуд, Маҷлиси Намояндагони он ба таври доим амал мекунад.

Ба асоси ислоҳоти Қонуни Асосӣ дар соли 1999 муддати раёсати ҷумҳурӣ 7 сол пешбинӣ шуда буд ва як нафар метавонист, танҳо як дафъа раиси ҷумҳур бошад. Аммо дар ибтидои соли равон порлумони Тоҷикистон бо ташаббуси ислоҳоти Қонуни Асосӣ иқдом намуд ва дар моҳи июни гузашта ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосӣ раъйпурсии наве доир гашт. Бо вуҷуди мухолифат ва таҳрим шудани ин раъйпурсӣ аз ҷониби бархе ташакулҳои сиёсӣ ин раъйпурсӣ доир гардид ва акнун тибқи тағйироти ворида як нафар барои ду даври ҳафтсолӣ метавонад раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Аз ин ҷост, ки аҳзоби мухолиф ва таҳлилгарон соъири тағйироти воридшуда ба Қонуни Асосиро ҷузъӣ медонанд ва мегуянд, ки онҳо ё хусусияти таҳрирӣ ё забонӣ ва услубӣ доранд. Мухолифони ислоҳоти Қонуни Асосӣ ин иқдомро ба манзури фароҳам кардани ширкати Эмомалӣ Раҳмонов дар даври баъдии раёсати ҷумҳурӣ медонанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби Сотсиал - Демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки бо вуҷуди ду дафъа дастхуши ислоҳот шуданаш Қонуни Асосӣ боз ҳам ба такмил ниёз дорад.

Ду дафъа ислоҳот низ аз салоҳиятҳои раисиҷумҳур дар Қонуни Асосӣ чизе накост ва ҳамчунон раисиҷумҳур дар як вақт раиси ҳукумати иҷроия низ боқӣ мондааст. Инчунин салоҳияти таъйини руъасои шаҳру навоҳӣ, корхонаҳои бузург ва ҳатто донишгоҳҳо ба ихтиёри у вогузор шудааст.

Ин ҳол то кунун боиси мухолифати аҳзоби мухолиф ва қишрҳое дар ҷомеа мебошад, вале ҳамоно ба ҳангоми ислоҳоти Қонуни Асосӣ пешниҳоди коҳиш додани салоҳиятҳои раиси ҷумҳур мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифт.

Аммо Ҷурахон Кабиров, раиси кумитаи сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсон дар парлумони Тоҷикистон мегуяд, Қонуни Асосӣ бар асоси раъйи мардум таъйид шудааст ва зери шубҳа гузоштани усулҳои он ҷоиз намебошад.

Қонуни Асосии Тоҷикистон дар баробари салоҳиятҳои беҳудуд додан ба раисиҷумҳур инчунин иҷозаи фаъолият намудан ба ҳизбҳои мазҳабии сиёсиро низ кафолат додааст. Ин яке аз усулҳои сулҳи миёни давлат ва мухолифони исломгарои он аст, ки то ҳануз мадори эътибор аст ва талоши бархе гуруҳҳо ба манзури ҳазфи ин банд аз Қонуни Асосӣ то кунун натиҷа надодааст.

XS
SM
MD
LG