Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони хурд гирди ҳам омаданд



Сафаргули Олимӣ



Маркази Байналмиллалии Тиҷорат ҷиҳати омузиш додани мутахассисони соҳаи тиҷорати хурди кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ як нишасти чоррузаро дар шаҳри Душанбе шуруъ намуд. Дар ин семинар намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони хурд аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Рурҷистон ва Озарбойҷону Русия низ ширкат доштанд.

Олга Тамилова, мудири минтақавии Маркази Байналмилалии Тиҷорат, ки барои тадвири ин омузиш аз Полша ба Тоҷикистон омадааст, дар робита ба аҳдофи нишастҳои Душанбе гуфт, бо назардошти он, ки Тоҷикистон ба чунин семинарҳо ниёзи бештар дорад, бори чаҳорум аст, ки чунин нишаст дар Тоҷикистон мегузарад.

У афзуд: "Ҳадафи мо тавассути чунин нишастҳои омузиишӣ омузондани қавонин ва талаботи додани қарз ва қарзи хурд барои тоҷирон мебошад. Бояд қарздиҳанда қабл аз додани қарз ба кадом паҳлуҳои кори миҷозаш таваҷҷуҳ дошта бошад? Бояд бидонад, ки қарзи додаи у барои худи у ҳамчун қарздиҳанда чӣ суде меорад. Ва бояд таҳлили амиқ дошта бошад, вагарна у метавонад аз додани қарз ба ҷои суд зиён бардорад."

Соҳибкорон ва тоҷирони тоҷик мегуянд, тартиб ва низоми қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳо ва созмонҳо барои ширкатҳо ва шахсони алоҳида заминаи кофии қонунӣ надорад, ки ин дар роҳи дастрасии онҳо ба қарзҳои бонкӣ ва давлатӣ мушкилот ба бор меорад.

XS
SM
MD
LG