Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд мори дусара пайдо карданд



Тоҳири Сафар



Як сокини Хуҷанд дар ҳавлии хонааш мори ғайримуқаррариеро пайдо кардааст. Бино бар иттилоъи рузномаи "Тоҷикистон" бадани мори ёфтаи омузгор Муҳаррама Неъматуллоева 40 сантиметр буда ва он ду сар дорад.

Рузнома гуфтааст, ҳамдеҳагони Муҳаррама барои дидани мор меоянд ва ҳар яке пайдоиши онро ба таври худ шарҳ медиҳад. Яке гуфтааст, болоравии ахири нархи молу мавод ба пайдоиши ҳамин мор вобаста аст, дигарӣ чунин меандешад, ки дидани ин хазандаи ғайримуқаррарӣ ба сиҳатии инсон фоида дорад.

XS
SM
MD
LG