Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ ва манофеъи Амрико дар он



Хиромон Бақозода

Қасри Сафед мегуяд, барои мубориза бо терроризм ва таҳияи шароити мусоиди иҷтимоӣ ба кишварҳои минтақа ҳамчунон кумак хоҳад кард.

Элизабет Ҷонс, мушовири котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида дар умури Аврупову Авроосиё гуфт, манфиатҳои Вашингтон дар Осиёи Марказӣ аз се масъалаи калидӣ - амният, неруи энержӣ ва ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ иборат аст. Дар баробари ин, хонум Ҷонс гуфт, бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо, ҳануз ҳам дар ин минтақа бояд кори зиёде ба анҷом расад - дар минтақае, ки хомӯш сохтани интиқодгарони ҳамаи ҳукуматҳо ва дар сатҳҳои мухталиф ба чашм мехӯрад.

Зимни як баёнияш оид ба вазъи Ховари Миёнаву Осиёи Марказӣ, ки дар Маҷлиси поёнии конгресии Амрико ироа гардид, мушовири котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида гуфт, терроризм ва тундгароии мазҳабӣ аз ҷумлаи мушкилотест, ки гиребонгири Осиёи Марказӣ мебошад. Бахши муҳими ин мушкилот аз ҳаракати исломии Узбакистон ва созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" сар мезанад, гуфт Элизабет Ҷонс.

Вай афзуд:"Терроризм мавзуйи хеле ҷиддии ин минтақа мебошад, ба хотири Афғонистон ва ба хотири ҷойгиршавии наздикаш бо Афғонистон. Ҳаракати Исломии Узбакистон тавре шумо хабар доштед, як муддате фаъол буд. Раҳбари он, Ҷумъаи Намангонӣ дар оғози амалиёти озодихоҳӣ дар Афғонистон ба қатл расид. Ва аммо воқеият ин аст, ки фаъолияти ҳаракати исломии Узбакистон имруз ҳам дар ин минтақа мушоҳида мешавад, бахусус дар давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон. Ва ин ҳам ба амнияти минтақа ва тавассути он ба манфиатҳои мо халали ҷиддӣ эҷод мекунад"

Элизабет Ҷонс, мушовири котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида афзуд, барои мубориза бо терроризм ва таҳияи шароити мусоиди иҷтимоӣ дар поксозии фаъолияти Ҳаракати Исломии Узбакистон, Вашингтон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ дар баргузории тамринҳои низомиву таъмини таҷҳизоти зарурӣ кӯмак мекунад. Ҳамчунин кӯмакҳои Иёлоти Муттаҳида аз эҷоди ҷойҳои кориву рушди низоми беҳдоштӣ, тақвияти низоми демократӣ ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар ин кишварҳо иборат аст, гуфт ӯ. Танҳо дар соли гузашта Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ 286 миллион долларро дар барномаҳои демократӣ, ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва дар мубориза бо терроризм масраф кардааст.

Элизабет Ҷонс афзуд, аммо бархе созмонҳои муборизи ҳуқуқи инсон, Амрикоро барои ба қавли онҳо, сиёсати чашмпӯшиаш аз нақзи ҳуқуқи инсон дар ин давлатҳо ва авҷгирии фишорҳои дохилии сиёсӣ танқид карданд. Мақоми баландпояи Кохи Сафед дар пай аз сиёсати пешгирифтаи Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури Туркманистон нигаронии амиқ изҳор кард, ки дар як соли ахир пайваста ба таъқиби афроде машғул аст, ки ба ақидаи Ашқобод ният доштанд, режими Ниёзовро сарнагун созанд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, ҳукумати Қазоқистон дар моҳҳои ахир зиёд ба нақзи ҳуқуқи инсон даст задааст ва мақомоти Узбакистон барои пахши мухолифони сиёсӣ аз таъқибу боздошти онҳо кор мегирад. Ба андешаи Кохи Сафед, Узбакистон, бо бастани марзҳояш ба руи ҳамсояҳо, ба болоравии нархи молу ашё дар минтақа сабаб шудааст. Ба андешаи Элизабет Ҷонс, фақру нодорӣ омилҳои аслии майли гурӯҳҳои террористӣ ба минтақа мегарданд.

XS
SM
MD
LG