Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобовар бо гуруҳи "Шамс" ба Аврупо рафт



Ҳумоюни Шаҳриёр



Субҳи душанбе гуруҳи ҳунарии "Шамс" пойтахти Тоҷикистонро ба қасди сафари ҳунарие ба кишварҳои Аврупо тарк гуфт. Бино ба гуфтаи овозхони гуруҳи "Шамс" Нобовар Чаноров, онҳо барои иҷрои як барномаи ҳунарӣ тули як моҳ аз Фаронсаву Итолиё ва Испанияву Белжик дидан мекунанд.

Ин сафар бо даъвати ширкати фаронсавии "Замзама Продакшн" ва бо мусоидати молии Бунёди Оғохон сурат мегирад. Дар ин сафар ҳамчунин ду ҳунармандӣ аз Бадахшони Тоҷикистон, Бадахшони Афғонистон ва Балуҷистони Покистон гуруҳи "Шамс"-ро ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Нобовар Чаноров гуфт, гуруҳи "Шамс" бори аввал нест, ки бо сафари ҳунарӣ ба хориҷи Тоҷикистон меравад. Соли гузашта ин гуруҳ дар барномае бо номи "Роҳи Абрешим" дар Фаронса ширкат намуда, ҳамчунин дар Амрико ва як идда аз кишварҳои Аврупо консерт дода буд.

Қарор аст, Нобовар Чаноров дар Фаронса бо як намояндаи ширкати "Сони Мюзик" низ дидор ва мулоқот намояд. Нобовар Чаноров ба Радиои Озодӣ гуфт, у чанд сабти тозаашро ба намояндаи он ширкат намоиш хоҳад дод.

Дар бозгашт аз сафари Аврупо гуруҳи "Шамс" дар Маскав барои сабти як диски тозаи таронаҳояш таваққуф хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG