Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як гуруҳи дигари муҳоҷиронро меронанд



Муҳаммадраҳими Сайдар



Шасту панҷ нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ, сокинони Тоҷикистон аз вилояти Волгоград ба далели нақзи муқаррароти иқомат ихроҷ карда хоҳанд шуд. Дар ин бора ба хабаргузории "Итар Тасс" муовини аввали додситони вилоят Леонид Кондраев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, тоҷикон ба Волгоград дар аввали сол чун турист омаданд, вале ба зудӣ дар корхонаи консерви Волгоград ба кор даромаданд. Гузашта аз ин, корхона асноди ҷалби ҷалби нерӯи кории хориҷиро ба таври лозим ба расмият надаровард.

Алайҳи роҳбарияти корхона парвандаи ҷиноӣ бо моддае, ки ҷавобгӯӣ барои ҷалби ғайриқонунии нерӯи корӣ ва нақзи ҳуқуқи коргаронро дар назар дорад, ифтитоҳ шуд.

Тафсилоти хабар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG