Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи шикоятии рузноманигорони хатлонӣ ба президент Раҳмонов



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Намояндаи Бунёди Сорос низ барои ошноӣ бо аҳволи матбуоти Хатлон ба он ҷо сафар кардааст.

Алгирдас Липштас - намояндаи Бунёди СОРОС, директори барномаҳои шабакавии васоити ахбори оммаи Институти Ҷомеаи Боз ва вазъи расонаҳои хабариро дар вилояти Хатлон нигаронкунанда ҳисобид.

Ҷаноби Липштас роҷеъ ба мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ман дарк кардам, ки вазъи матбуот дар Хатлон хеле вазнин аст. Ин шояд ба бӯҳрони ҳамагонии иқтисодӣ вобаста бошад. Дар ҳар сурат ин вазъ нигаронкунанда аст. Ман тӯли чанд рӯзе ки дар Тоҷикистонам, аз ду вилоят, Суғд ва Хатлон боздид кардам ва бо намояндагони расонаҳои хабарии минтақаҳо сӯҳбат доштам. Тӯли ин муддат шояд ман пурра бо вазъ шинос нашуда бошам. Аммо фикр мекунам, ки вазъи расонаҳои хабарӣ дар Суғд хеле хубтар аст. Зеро дар ин вилоят муассисаҳои хабарӣ бештар буданд. Ва ба назар мерасид, ки матбуоти Суғд дар ҳоли рушд қарор дорад ва вазъи онҳо хубтар аз вазъи ҳамтоҳои хатлониашон ҳаст."

Алгирдас Липштас дар сӯҳбат бо хабарнигорони минтақаи Кӯлоб ва Қурғонтеппа гуфт, ин сафари нахустини ӯ ба Тоҷикистон аст. Бунёди СОРОС ният дорад дар оянда кӯмаки бевоситаи худро ба васоити ахбори омма дар минтақаҳо афзоиш диҳад.

Ба гуфтаи Алгирдас Липштас, кӯмакҳои ҷаноби Сорос бе маҳдудият нест. Сорос метавонад, чун дар Аврупои Шарқӣ рӯзе не рӯзе кӯмаки худро ба расонаҳои хабарии Тоҷикистон қатъ намояд. Аммо Бунёди Сорос тасмим гирифт, ки то он замон аз худ як зумра васоити ахбори мустақил ва ба шароити бозоргонӣ тобовар мерос гузорад.

Дар сӯҳбат бо намояндаи Бунёди СОРОС хабарнигорони маҳаллӣ қайд карданд, ки барои эҳёи журналистика дар минтақаҳо қабл аз ҳама бунёди чопхонаҳои замонавӣ лозиманд. Зеро сифати нашрияҳои маҳаллӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.

Рустам Одинаев - сардабири газетаи русии "Кулябская Правда" гуфт, тамоми расонаҳои хабарӣ дар вилоят қариб аз фаъолият бозмондаанд ва ба гоҳнома табдил меёбанд. Ҷаноби Одинаев дар ҳузури 20 тан аз хабарнигорони маҳаллӣ "номаи дод"-и сардабирони бархе аз газетаҳои вилоятро, ки ба унвонии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов иншо шудааст, қироат кард. Дар нома омадааст: "Лозим ба ёдоварист, ки моҳонаи журналистон дар минтақаҳо кучак аст. Маоши сардабирон аз 14 то 16 сомонӣ ё худ 3-4 доллари амрикоист. Аксарияти кулли газетаҳо бо усули қадима ва сифати бад чоп мешаванд. Редаксияҳо кампутар ва дигар техникаи замонавӣ надоранд. Ҳукуматҳо қудрати кӯмаки молӣ кардан ба нашрияҳо ва чопхонаҳоро надоранд. Зеро дар буҷа барои дастгирии васоити ахбори омма маблағ ҷудо нашудааст."

Дар ҳамин маврид, танҳо ҳисоботи расмии ҳукуматҳо хушбинона аст. Тибқи омори расмӣ дар вилоят 37 газетаи давлативу ғайриҳукуматӣ нашр мешаванд. Радиои вилоят фаъол аст ва чаҳор телевизион амал мекунад, ки 2 тои он шахсиву ғайриҳукуматӣ маҳсуб мераванд.

Коршиносон мегӯянд, шояд ҳамин ҳисоботҳои расмӣ дари хазинаи сарпарастони хориҷиро ба рӯи ВАО дар Хатлон бастаанд. Ва аммо Алгирдас Липштас мегӯяд, сафари расмии ӯ рӯзи панҷшанбеи 16 октябр ба Кӯлоб таҳти шиори" шунидан кай бувад монанди дидан"- баргузор гардид ва шояд дар оянда Бунёди СОРОС ба рушди расонаҳои хабарии минтақаҳои Тоҷикистон мусоидати бештар кунад.

XS
SM
MD
LG