Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъмири "Окно" хотима ёфтааст



Мирзонабии Холиқзод



Максим Пешков - сафири Русия дар Тоҷикистон - рузи сешанбе дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, пойгоҳи назоратии кайҳонии Русия, ки "Окно" ном дорад ба тозагӣ аз таъмир баромад ва бо иқтидори пешинааш кор мекунад.

Пойгоҳи назоратии "Окно", ки дар навъи худ дар ҷаҳон баъд аз пойгоҳи кайҳонии "Навстар"-и Амрико қарор дорад, дар ноҳияи Норак 50 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон воқеъ аст. Ахиран, масъули пойгоҳи назоратии кайҳонии Норак Александр Кутузов ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки бо вуҷуди аз саргирии фаъолияти "Окно" масъалаи мақоми он то кунун ҳалли худро наёфтааст.

Пойгоҳи назорати кайҳонии Русия дар соли 1979 дар замони Шуравӣ дар Норак сохта шуда буд ва ҳоло моли низомии Русия буда, ба вазорати дифоъи Тоҷикистон тааллуқ надорад.

Низомиёни Русия аз ин пойгоҳ ҳаракати киштиҳои кайҳонӣ ва ҳаргуна ҷирмҳои осмониро дар баландии то 40 ҳазор километр назорат мебаранд. Як қисми дигари телескопҳои пойгоҳ барои назорати ҳарими ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG