Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти корхонаи "Зарафшон" баррасӣ шуд



Раҳматкарими Давлат



Раиси ширкати бритониёии "Авосет Майнинг" Найчел Скотт бо мақомоти Тоҷикистон оянда ва дурнамои ҳамкориҳои ду ҷониб дар бахши истихроҷи фулузоти нодир аз ҷумла тиллоро баррасӣ кардааст.

Роҳбари ширкати бритониёӣ бо сарвазири Тоҷикистон ва вазири саноати ин кишвар инчунин масъалаи пардохти қарзҳои корхонаи коркарди тиллои мавсум ба "Зарафшон"-ро, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Бритониё мебошад, низ баррасӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 51 фоиз ва "Авосет Майнинг" 49 дарсади саҳмияҳои корхонаи "Зарафшон"-ро дар даст доранд.

Ширкати бритониёӣ акнун хостори афзоиш додани саҳмияи худ аз истихроҷ ва коркарди тиллои Зарафшон шудааст. Зайд Саидов вазири саноати Тоҷикистон дар ин бора мегуяд: "Ҷониби Британия пешниҳод кардааст, ки масъалаи қарзҳои корхонаи "Зарафшон" бояд ҳал шавад, бояд бо ягон роҳ ин масъаларо ҳал кунем. Бино бар ин онҳо бо зиёд кардани саҳми Британия мехоҳанд, ин қарзҳоро ба ҳисоби худ гиранд, яъне аз суратҳисоби корхонаи "Зарафшон" хориҷ кунанд. Ин масъала мавриди омузиши мо қарор дорад ва тасмим дар ин бора аз нуқтаи назари манфиатҳои иқтисодии кишварамон ва манофеъи мутақобил гирифта мешавад."

Зимни ин мулоқотҳо инчунин масъалаи сармоягузорӣ барои густардатар кардани фаъолияти ин корхона ва коркардаи намудҳои дигари фулузот дар он барасӣ шудааст. Ба гуфтаи Зайд Саидов, Тоҷикистон пешниҳод кардааст, то ширкати бритониёӣ дар ҷалби сармояи хориҷӣ барои кушодан ва истихроҷи конҳои дигари тилло дар ин минтақа мусоидат кунад. Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, ширкати бритониёии "Авосет Майнинг" барои ҳамкорӣ дар ин замина изҳори омодагӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG