Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани чаҳоруми Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Раҳбарони пешини ин муассиса ба нишони эътироз анҷуманро тарк гуфтанд ва ҳукуматро дар мудохила ба кори он айбдор карданд.

Камол Сӯфиев - раиси собиқи Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ҷараёни Анҷумани чаҳоруми ин палатаро, ки рӯзи 16 октябр таҳти раисии Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири кишвар баргузор гардид, ғайриқонунӣ хонд.

Оқои Сӯфиев, ки дар ин анҷуман аз вазифаи раиси Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон барканор гардид, гуфт, мақомоти кишвар тавассути вазирон ва роҳбарони корхонаҷот вакилони анҷуманро таҳти фишор қарор дода ва аз тариқи зӯроварӣ нафари дигарро ба ҷойи вай интихоб карданд: "Ин анҷуман чӣ дар давраи аввал ва чӣ дар давраи дуюм ин поймоли ҳуқуқи вакилон ва инчунин ҳамчун шаҳрванд ба шахсият ва иззати нафси ман расидан ва тамоман ғайридемократӣ буд."

Оқои Сӯфиев гуфт, Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон як иттиҳодияи ҷамъиятии ғайридавлатӣ буда, тибқи ойинномааш ҷаласа ва анҷуманҳояшро таври мустақил ва бо ширкати вакилонаш доир мекунад. Ва давлат танҳо дар мавориди изтирорӣ метавонад, ба фаъолияти он мудохила кунад. Аммо афзуд оқои Сӯфиев, ба хотири пуштибонӣ аз номзадии нафари дигар ба вазифаи раисии палата ҳукумат ва шаҳрдории Душанбе натоиҷи марҳалаи аввали анҷуманро дар рӯзи 10 октябр қабул накард ва дар кори анҷуман бидуни далоили зарурӣ танаффус эълон шуд.

Дар марҳилаи аввали анҷуман барои интихоби раиси нав се маротиба овоздиҳӣ сурат гирифта, ки дар ҳар се маврид вакилон аз Камол Сӯфиев - раиси пешини Палатаи савдои саноатии Тоҷикистон пуштибонӣ кардаанд.

Аммо Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолияти Палатаи тиҷорату саноатиро тайи солҳои ахир ғайриқаноатбахш шуморида, гуфт, мақомоти он натавонистаанд, аз имконоти мавҷуда ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар истифода баранд: "Каме кор карда бошанд ҳам, лекин он мақсад ва он вазифаҳоеро, ки дар наздашон истодааст, пурра амалӣ нагардонидаанд. Намояндагиҳо бояд ташкил мекарданд, аммо ин намояндагиҳоро танҳо дар шаҳри Москва, дар Урал ва шаҳри Тошканд таъсис доданду халос."

Ва аммо дар ин анҷуман, ки бидуни риояти ҳамагуна муқаррарот ва меъёрҳо барои баргузории як анҷуман аз қабили ташкили раёсати анҷуман, комиссияи ҳисоботӣ ва котибот доир шуд, танҳо як масъала интихоби раиси нав ба баррасии вакилон гузошта шуда, вале бо пешниҳоди раисикунанда Асадулло Ғуломов - муовини сарвазири Тоҷикистон номзадии Камол Сӯфиев раиси пешини Палатаи тиҷорату саноати Тоҷикистон ба овоздиҳӣ гузошта нашуд. Оқои Сӯфиев, пас аз чунин ранг гирифтани вазъият толори анҷуманро ҳамроҳ бо муовинонаш тарк кард.

Ба ҳамин тартиб вакилони Анҷумани чаҳоруми Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон дар дуввумин марҳилаи баргузории анҷуман Шариф Саидов - муовини раиси "Тоҷикматлубот" ва ҳамзамон намояндаи раиси шаҳри Душанбе дар Маскавро раиси Палатаи тиҷорату саноатии Тоҷикистон интихоб карданд.

XS
SM
MD
LG