Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии Суис ошкорбаёнии ҳукуматро хостааст



Раҳматкарими Давлат



Оҷонсии ҳамкорӣ ва рушди Суис ё худ Швейтсария ҳукумати Тоҷикистонро барои ҳамкории бештаре бо матбуот даъват кардааст. Ин масъала дар иҷлоси комиссияи дуҷонибаи оҷонсии мазкур ва ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст масъалаи аз ҷониби Тоҷикистон то чӣ ҳадд риоя шудани уҳдадориҳояш тибқи барномаи муассисаи швейтсариягии дифоъ аз ҳуқуқи инсон мавриди баҳсу баррасӣ будааст. Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ гуфтааст, вазорат ва муассисаҳои давлатии Тоҷикистон дар ихтиёри матбуот ва расонаҳои хабарӣ тақрибан ҳеҷ гуна маълумотеро қарор намедиҳанд. Ин муассисаи швейтсариягӣ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки инъикоси ҷараёни фаъолияти сохторҳои давлатиро дар матбуот таъмин кунад.

Аммо Оҷонсии рушди Швейтсария гуфтааст , ҳукумати Тоҷикистон бар асоси барномаи ҳамкорӣ дар ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон бояд шаш гузориш то кунун дар ин бора таҳия мекард, вале то ҳануз танҳо ду гузоришро аз ин силсила таҳия кардааст, ки он ҳам ошкор ва интишор нагаштааст.

XS
SM
MD
LG