Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ чаҳор марзбони русро боздошт намуд



Муҳаммадраҳими Сайдар

Онҳоро бо тақозои вазорати амнияти Тоҷикистон ба додгоҳ кашидаанд.

Хадамоти амнияти федералии Русия чор афсари худро, ки дар минтақаи марзии Панҷи Тоҷикистон хидмат мекарданд, бо иттиҳоми куштани як шаҳрванди Афғонистон боздошт кард.

Ба навиштаи рузномаи "Новая газета" чопи Маскав, як нафар аз боздоштшудагон дар зиндони Душанбе ва дигарон дар зиндони ФСБ дар пойтахти Русия мунтазири ҳукми додгоҳ ба сар мебаранд.

Рузнома хотирнишон мекунад, ки 28 апрели соли равон дар минтақаи марзии Панҷ дар пайи як тирандозӣ як қочоқбари афғон кушта шуд. Як руз баъд аз ҳодиса як корманди вазорати амнияти Тоҷикистон марзбононро дар сӯистифода аз мақом ва куштори шаҳрванди дӯст муттаҳам намуд ва дар ин робита аз Додситони Низомии Русия додхоҳ шуд. Додситонии Низомии Русия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ худдорӣ намуд.

Аммо 22-уми август бо тақозои Хадамоти Федералии Русия, ФСБ дар робита ба ин куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва баъдан чор нафар марзбон боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG