Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташкили эътилоф зарур хонда мешавад



Нурмуҳаммади Холзода



Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтааст, ягона роҳи муборизаи муассир бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо тавассути Тоҷикистон, ташкили эътилофи байналмилалии зидди қочоқи маводи мухаддир аст.

Хушнуд Раҳматуллоев, корманди дафтари матбуоти ожонсии мазкур ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, таъхир дар ин кор метавонад, боиси густариши маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон шавад.

Бино ба маълумоти мақомоти интизомии Тоҷикистон, интизор меравад, ки соли ҷорӣ тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба 4 ҳазор тонна расад.

XS
SM
MD
LG