Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби бозору Бонки миллӣ баробар шуд



Зарангези Наврузшоҳ

Аммо нархи маҳсулот дар дукону растаҳои Душанбе ҳануз тағйир наёфтааст.

Рузи сешанбе қурби доллари амрикоӣ аз 3 сомониву 10 дирам ба 3 сомониву 8 дирам поин фаромад ва ба қурби расмии доллар, ки 3,08 дирам аст, баробар шуд.

Коршиносони масоили иқтисодӣ нисбат ба ин ки дар як мизон қарор гирифтани арзиши нақдӣ ва расмии доллар чӣ таъсире дар бозорҳои дохилии кишвар хоҳад гузошт, назари гуногун доранд.

Ва аммо Мирзо Мавлонов, сарвари бахши равобити хориҷии Бонки МиллииТоҷикистон роҷеъ ба сабабҳои аслии поин омадани арзиши доллар дар баробари сомонӣ мегуяд, дар моҳи сентябр ва октябр бештар мардикорони тоҷике, ки дар хориҷ кор мекунанд, маблағҳои пулиашонро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд ва инчунин дар фасли тирамоҳ аксарияти мардум орду гандум ва дигар маводи хуроквории зимистонаро захира мекунанд. Аз ин ру, мардум доллари худро дар бозорҳо иваз мекунанд, то ин ки бо сомонӣ маҳсулоти лозимаашро харидорӣ кунад.

Мирзо Мавлонов афзуд: "Айни ҳол аз ҳама манбаъҳое, ки дохил мешаванд ба ҷумҳурӣ, асъори хориҷӣ нисбатан бештар ворид мешавад, чӣ асъори нақдӣ ва чӣ асъори ғайринақд ва пешниҳоди ин асъор дар бозор нихоят зиёд аст. Вақте ки пешниҳод зиёд шуд ва талабот кам, нарх ҳатман поён мефарояд. Ин қонуни бозор аст, аз ҷумла қонуни бозори арз."

Ва аммо коришносони масоили иқтисодӣ мегуянд, ҳатто имкон дорад дар рузҳои наздик арзиши доллари нақдӣ аз қимати доллари расмӣ поёнтар равад, вале ин ба иқтисодиёти Тоҷикистон чандон таъсири ҷиддӣ нахоҳад расонид. Зеро дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон корхонаҳои дохилӣ ҳам фаъол нестанд ва ҳам моли тайёр истеҳсол намекунанд, ки дар баробари моли хориҷӣ рақобат кунад.

Аслиддин Соҳибназаров, иқтисоддони тоҷик дар робита ба ин масъала мегуяд: "Дар Тоҷикистон маҳсулоти асосие, ки ба мардуми Тоҷикистон пешкаш мешавад, ин ҳам истеҳсолоти хориҷа аст ва дар натиҷаи тез ба фуруш рафтани маҳсулот қисми маблағҳои дар дохили Тоҷикистон ба доллар иваз карда шуда ва қурби доллар доим нигоҳ дошта мешавад. Аз ин ҳисоб барои иқтисодиёти Тоҷикистон чандон чашмрас набояд бошад."

Бо чунин сурат гирифтани вазъ бештар мардуми оддӣ интизор доштанд, ки чун доллар арзон шуд, акнун нархи маҳсулоти бозор, аз ҷумла қимати хурокворӣ пасттар меравад, вале ин тавр ҳам нашудааст. Як кило гушт 7 сомонӣ, як халтаи орд 60 сомонӣ, равған дувуним сомонӣ буд ва ҳамчунин бо ҳамин қимат боқӣ мондаанд.

Яке аз кормандони бозори маркази "Баракат" дар робита ба ин масъала мегуяд: "Паст шудани қурби доллар ба нархи бозор таъсире нарасонидааст."

Ва аммо харидорон мегуянд, вақте ки арзиши доллар 3,17 сомонӣ буд, нархи як кило гушти гуфтанд 7,5 сомонӣ буд ва ҳоло ҳам бо ҳамин нарх фурухта мешавад.

Чуноне ки Мирзо Мавлонов, сарвари шуъбаи равобити байналмилалии Бонки Миллӣ мегуяд, агар чанд сол пеш бо зиёду кам гаштани қурби доллар нархи маҳсулот дар бозорҳо тағйир меёфт, ҳоло тағйирёбии қурби доллар ба нархи бозорҳои пойтахт таъсире намерасонад. У афзуд: "Ҳозир бозор худаш дар зери таъсири омилҳои дигари бозорӣ, зери таъсири пешниҳоду талабот ва нархҳое мебошад, ки дар дигар мамлакатҳои истеҳсолкунандаи мол чӣ гуна ҳастанд ва оё дар ҷаҳон нархҳои маҳсулот чӣ гуна тағйир ёфтааст. Ва ҳамин хел нархҳои дохили ҷумҳурӣ ҳам тағйир ёфта истодааст."

Ба ин тартиб, ба назари коршиносон ва кормандони идораҳои масъули Тоҷикистон, баробар шудани арзиши нақдии доллар бо қимати расмии он таъсире дар ҳаёти иҷтимоӣ нахоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG