Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд консулгарии Ӯзбакистон боз мешавад



Раҳматкарими Давлат

вапва

Давлати Ӯзбакистон пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Хуҷанд консулгарии худро боз намояд. Бо ин мақсад сафорати Ӯзбакистон дар Душанбе аснодӣ заруриро ба мақомоти Тоҷикистон меспорад. Гуфта мешавад, ифтитоҳи консулгарӣ дар пойтахти вилояти Суғд шаҳрвандони минтақаи шимоли Тоҷикистонро аз машаққати сафари Душанбе бо мақсади дарёфти раводид озод хоҳад кард. Акнун интизор меравад, ки ҳукумати Тоҷикистон масъалаи кушодани консулгариҳои худро дар шаҳрҳои муҳими Ӯзбакистон, ба монанди Самарқанд ва Бухоро дар миён гузорад.

XS
SM
MD
LG