Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани сармоягузорон шуруъ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



170 намоянда аз 11 давлати узви Бонки Исломии Рушд ҷиҳати ошноӣ бо тарҳҳо ва барномаҳои вазоратхонаҳо, ширкатҳо ва корхонаҷоти хусусии Тоҷикистон дар конфаронси байналмилалии кишварҳои сармоягузор, ки рузи панҷшанбе дар Душанбе ба кор оғоз кард, даври ҳам омаданд. Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар оғози конфаронси мазкур суханронӣ кард, гуфт, фазои сиёсиву амниятӣ ва иқтисодии кишвараш барои ҷалби сармояи хориҷӣ мусоид мебошад. Президент Раҳмонов таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба захоири обу энержӣ ва саноати кишвар ҷалб намуда афзуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани ба вижа захоири обу барқ метавонад ба манфиати кишварҳои минтақа ва Осиё бошад.

Дар ин конфаронс барои муаррифии лоиҳаҳои ниёзманд ба сармоя вазирон ва намояндагони ниҳодҳои дигари иқтисод ва саноати Тоҷикистон ҳузур доштанд. Абдулло Ёров, вазири энержии Тоҷикистон гуфт, ки чанд тарҳеро барои муаррифии сармоягузорони конфаронси мазкур пешниҳод хоҳад кард.

Бар асоси барномаи ин конфаронс, 26 сентябр сармоягузорони кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд ҳамроҳ бо намояндагони вазоратхонаҳо гуруҳҳои корӣ таъсис дода, бо барномаҳои пешниҳодии ҷониби Тоҷикистон ошно мешаванд.

Конфаронси кишварҳои сармоягузор, ки бо мусоидат ва пуштибонии Бонки исломии рушд дар Душанбе ҷараён дорад, то рузи 28 сентябр идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG