Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руз ва рузгори ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна мегузарад?



Мирзонабии Холиқзод

Мушкилоти онҳо дар як мизигирди Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон мавриди баҳсу гуфтугу қарор гирифт.

Шурои ҷамъиятии ҷумҳурии Тоҷикистон 19 сентябр таҳти унвони "Нақши васоити ахбори умум дар инъикоси фаъолият ва муносиботи ақаллиятҳои миллӣ" як мизигирд баргузор намуд. Дар он намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои милии Тоҷикистон ва рузноманигорону кормандони васоити ахбори ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Чуноне ки дар ин нишаст зикр гардид, дар Тоҷикистон намояндагони 12 ақаллияти миллӣ зиндагӣ мекунанд. Ва аммо тавре аз ҷараёни баҳс дар ин нишаст рушан гашт, ақалиятҳои миллии Тоҷикистон бо проблемаҳои зиёде, аз ҷумла бо мушкилоти дастрасӣ ба радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, чопу нашри рузномаҳо бо забони миллӣ ва амсоли ин ру ба ру мебошанд.

Давлат Қурбонов, сарвари ҷамъияти туркманҳо гуфт, дар Тоҷикистон 25 000 туркман ба сар мебарад, вале беш аз 10 сол аст, ки дар бораи фаъолияти ҷамъияти онҳо ва ҳатто дар бораи зиндагии туркманҳо дар ин кишвар ягон нашрия як сатре ҳам нанавиштааст. У афзуд, худи туркманҳо аз нашрияи худ маҳруманд.

Намояндагони ҷамъиятҳои дигар ба монанди гурҷиҳо, арманиҳо, узбакҳо, русҳо ва дар маҷмуъ ҳеҷ яки ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон нашрияҳои худро надоранд. Аммо намояндаи бахши матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзобадал Бадалов гуфт, то солҳои нооромӣ ва оғози печидагиҳои иқтисодӣ аксари ҷамъиятҳои миллатҳои хурд дар кишвар нашрияҳои худро доштанд.

Намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон бештар телевизиони ҷумҳуриро мавриди танқид қарор доданд, ки ҳатто як барномаи алоҳида барои ақалиятҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ намемонад. Сарвари ҷамъиятҳои кореягиҳо Виктор Ким гуфт, борҳо онҳо барои таъсиси як намоиш аз зиндагии кореягиҳо ба телевизиони ҷумҳурӣ муроҷиат намудаанд, аммо натиҷае надод. Вай гуфт, телевизиони ҷумҳурӣ чун як ҳукумати кучак дар ҳукумат ба онҳо муносибат мекунад.

Ҳабибулоҳ Ботиров, намояндаи ҷамъияти узбакҳои сокини Тоҷикистон мегуяд, дар вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон чандин бахшҳои узбакии шабакаҳои телевизионии ғайридавлатиро бастаанд: "Беш аз як ҳафта мешавад, ки дар вилояти Суғд бахшҳои узбакии шабакаҳои телевизионии вилоят, аз ҷумла дар телевизиони мустақили СМ- 1, радиои "Азия", телевизиони вилоятӣ ва дар барномаҳои радиои "Тироз" қатъ карда шудаанд. Сабаби ин амал ин аст, ки гуё дар вилояти Суғд мардуми узбакзабон ба барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ниёз надоштаанд".

Оқои Ботиров бархе аз рузномаҳои хусусӣ ва ҳизбӣ, монанди нашрияи ҳизби халқӣ- демократӣ "Минбари Халқ" ва рузномаҳои озоди "Неруи Сухан" ва "Рузи нав"-ро мисол овард, ки ба ҷои ҳидоят ба ҳамзистии миллатҳо ҷудоиандозӣ ва ихтилофро доман мезананд.

Аммо мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ Иброҳим Усмонов аз баста шудани бахшҳои узбакии шабакаҳои телевизонӣ дар вилоятии Суғд изҳори бехабарӣ намуд.

Дар ин мизигирд қарор шуд, ки барои ҳалли мушкилот ва масоили иҷтимоии ақаллиятҳои миллӣ Шурои ҷамъиятӣ пешниҳодоти намояндагони ҷамъиятҳои миллатҳои хурдро ба мақомоти дахлдор ва ба раиси ҷумҳури ин кишвар пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG