Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дохила дар Душанбе ҷамъ мешаванд



Мирзои Салимпур



Қарор аст, нишасти вазирони умури дохилаи кишварҳои муштаракулманофеъ рузи 22 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе доир шавад. Таҳияи Консепсияи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бино ба хабарҳо дар ин иҷлос мавзуъи асосӣ хоҳад шуд.

Мақомоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегуянд, Шурои вазирони дохилаи СНГ дар нишасти Душанбе масоили бунёди низоми воҳиди ҷустуҷуиву иттилоотӣ ва ба роҳ мондани масирҳои иртиботӣ байни мақомоти интизомии ин кишварҳоро низ баррасӣ мекунад.

Вазири умури дохилаи Қазоқистон Зовутбек Турисбеков ба хотири ширкат дар ин ҷаласот алакай ба Душанбе омадааст. Интизор меравад, вазири умури дохилаи Русия Борис Гризлов рузи 21 сентябр худро ба пойтахти Тоҷикистон расонад. Ҳамчунин ҳамтоёни онҳо аз Украинаву Беларус, Арманистону Озарбойҷон ва Туркманистону Молдова барои ширкат дар нишасти Душанбе ризоият додаанд.

XS
SM
MD
LG