Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон аз баҳри фоизи қарзаш гузашт



Мирзои Салимпур



Давлати Покистон бо имзои як муоҳида бо вазорати молияи Тоҷикистон замони бозпардохти як қарзи 13-милёндолларии ин кишварро барои 20 соли дигар тамдид кард. Ин қарзро Тоҷикистон соли 1994 барои даҳ сол ва бо 2,8 дар сад фоизи солона ба даст оварда буд. Покистон баробар бо тамдиди замони бозпардохти қарзи мазкур аз фоизи солонаи он ҳам гузашт кардааст.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон Машғул Ҳасанов дар суҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС аз ин тасмими давлати Покистон изҳори ташаккур намуд ва гуфт, Покистон мушкилоти кунунии Тоҷикистон дар мавриди бозпардохти қарзҳои хориҷиашро хуб дарк мекунад.

ИТАР-ТАСС ҷамъи қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро 975 милён доллар ҳисоб карда, меафзояд, ин маблағ баробари 80 дар сади маҷмуъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG