Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мо шояд хоб бошем, аммо СПИД бедор аст.



Мирзонабии Холиқзод

Тоҷикистон хостори кумаки бештари байналмилалӣ дар роҳи мубориза бо ангезандаҳои СПИД шудааст.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши барангезандаи бемории СПИД дар кишвар, аз ҷумла дар манотиқи дурдасти он изҳори нигаронӣ мекунанд.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Зиёвуддин Афғонов дар мавриди кушишҳои марказҳои мубориза зидди СПИД дар роҳи ҷилавгирӣ аз густариши ангезандаҳои ин беморӣ дар Тоҷикистон мегуяд: "Дар ҳоли ҳозир шумораи сироятёфтагон дар Тоҷикистон 96 нафар аст. Ин беморӣ бештар дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Аммо он чӣ ки мо аз суи Бунёди ҷаҳонӣ мегирем, барои мубориза басанда нест."

Бар пояи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар моҳи августи соли равон Бунёди Ҷаҳонии мубориза бо СПИД 2 400 000 доллар ҷиҳати анҷоми як барномаи сесола алайҳи густариши ангезандаҳои СПИД ба Тоҷикистон кумак намуд. Аз ҳоло вазорати беҳдошт дар чаҳорчуби ин барнома корҳои назариявӣ ва амалӣ анҷом медиҳад. Аммо ба қавли оқои Афғонов, вазъи СПИД дар Тоҷикистон ба гунаест, ки кумакҳои то кунун расидаи созмонҳои байналмиллалӣ басанда нестанд.

То ҳол вазорати тандурустии кишвар тавонистааст марказҳои зидди СПИД-ро дар вилояту шаҳрҳо ба роҳ монад, аммо дар навоҳии дурдаст комилан вазъи амалӣ ба шакли дигар қарор дорад. Зеро муҳоҷирати корӣ ба беруни кишвар аслан аз навоҳии дурдаст ба амал меояд. Яке аз сабабҳои аслии афзоиши ангезандаи СПИД дар Тоҷикистон ҳам ҷавононе ҳастанд, ки ҳангоми баргашт ба ватан ангезаҳои СПИД-ро нохудогоҳ бо худ меоранд.

Зиёвуддин Афғонов мегуяд, дар ҳоли ҳозир Вазорати тандурустӣ чунин имконотеро дорад, ки вуҷуди ангезандаи СПИД-ро дар организми инсон ташхис кунад, аммо ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон аз марказҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ маҳруманд. Оқои Афғонов кумакҳои бештари созмонҳои байналмилалиро дар роҳи мубориза бо ангезандаҳои СПИД дар Тоҷикистон таъкид намуд.

Бо ин ҳол ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон, аз ҷумла вазорати тандурустӣ барномаи нави стротегии минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар масъалаи мубориза бо СПИД-ро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG