Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории тоҷирони тоҷику афғон беш аз ҳар вақти дигар ривоҷ меёбад



Раҳматкарими Давлат

Масоили ин ҳамкорӣ дар як нишасти муштараке дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу гуфтугу қарор гирифт.

Дар нишасти тоҷирони тоҷику афғон дар шаҳри Душанбе масоили густариши муносиботи тиҷоратӣ ва боло бурдани мизони табодули коло миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Тоҷирони ду кишвар зимни ишора ба мушкилоти мавҷуд дар роҳи густариши муносиботи тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон таъкид карданд, ки боло бурдани сатҳи муносиботи тиҷоратӣ ба таваҷҷуҳи бештари мақомоти давлатӣ ниёз дорад. Гаронии таруфаҳои гумрукӣ, адами мавҷудияти низомӣ бонкӣ дар Афғонистон ва тавлидоти ба стандартҳо посухгу набудн аз ҷумлаи монеаҳо дар роҳи густариши тиҷорат маҳсуб мешаванд.

Аммо тоҷирони афғон, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, мегуянд, аз як ҷониб гаронии пардохтҳои гумрукӣ ва аз ҷониби дигар мудохилаи бемавриди масъулини идораҳои маъмурии Тоҷикистон ба фаъолияти ширкатҳои тиҷоратӣ боиси ривоҷ наёфтани ҳамкориҳои ду ҷониб шудааст.

Тоҷирони ду кишвар зимни баргузории мулоқот аз мақомоти ду кишвар дархост карданд, то бо оддӣ сохтани низом тиҷорати миёни ду ҷониб ба ривоҷи муносибот ва ҳамкориҳо мусоидат кунанд.

Аммо ба ҳар сурат муносиботи тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои дуҷоиба миёни ду кишвар бештар аз ҳар вақти дигар рушд кардааст. Чандин ширкатҳои Тоҷикистон барои авалин бор дар Афғонистон намояндагиҳои худро боз карда ва ба ҳамкориҳои муштарак оғоз кардаанд. Ахиран ба гуфтаи намояндаи "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон як ҳайат аз ин муассисаи тоҷикӣ ба Кобул сафар карда ва мувофиқа шудааст, ки оғози моҳи октябр шуъбаи "Ориёнбонк" дар Кобул ба фаъолият оғоз кунад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Муъминов - муовини мудири кулли ширкати "Вавилон" мегуяд, боз шудани намояндагии "Ориёнбонк" дар Кобул метавонад ба густариши бештари ҳамкориҳо мусоидат кунад. У мегуяд, ширкати "Вавилон" аз як сол ба ин ҷониб бо Афғонистон ҳамкорӣ дорад ва ба ин кишвар технологияҳои компутарӣ ва интирнет ворид мекунад, аммоо бино ба адами мавҷудияти низоми байналмилалии бонкӣ пардохтҳо то ҳол сари вақт анҷом намешуданд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Муъминов, ширкати онҳо то кунун шаҳри Кобулро ба шабакаи интернет васл кардааст, ки ҳудуди 300 нафар аз хидмати онҳо истифода мекунад ва ҳамакнун мутахасисони ин ширкат саргарми роҳандозии интернет дар шаҳри Мазори Шариф мебошанд. У мегуяд, инчунин дар мавриди роҳандозии телефони ҳамроҳ дар Кобул ва шаҳрҳои шимоли Афғонистон низ як барномаро руйи даст доранд.

XS
SM
MD
LG