Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои 150 кило ҳероин 18 сол доданд



Мирзои Салимпур



Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе як сокини шаҳри Кулоб Оламафруз Камоловро бо иттиҳоми ширкат дар гуруҳи байналмилалии қочоқбари маводи мухаддир ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Тафтишот мегуяд, ки мақомоти интизомӣ дар моҳи декабри соли гузашта ҳангоми боздошти Оламафруз Камолов аз манзили у 150 кило ҳероин ва як махфигоҳи аслиҳа кашф ва мусодира кардаанд.

Гуруҳи Оламафруз Камолов асосан ба қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ва фуруши он дар бозори сиёҳи Русия машғул буд. Ду ҳамдасти Камолов дар ин ҷиноят, ки ходимони яке аз идораҳои низомии Тоҷикистон будаанд, низ баробар бо у ба даст афтоданд. Ду нафари дигар аз шарикони у аз кишвар фирор намуда, муддатеро дар Русия ба сар бурданд, вале ахиран онҳо низ дастгир шудаанд ва феълан бо тақозои мақомоти Душанбе масъалаи истирдоди онҳо аз Русия ба Тоҷикистон матраҳ аст.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС мегуяд, танҳо дар соли ҷорӣ дар натиҷаи амалиёти муштараки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистону Русия 38 қочоқбари маводи мухаддир дастгир ва аз онҳо беш аз ним тонна ҳероин кашф ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG