Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳама ба пахтачинӣ!"



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Ҳукумати ноҳияи Восеъ бо шуруъи мавсими ғунучини пахта бозорҳои ноҳияро таътил додааст.



Карим Фақиров - раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ бо судури як фармон фаъолияти бозорҳоро дар ҳудуди ноҳия муваққатан баст. Ҷойи бозорҳо шиори маъруф дар даврони шуравии собиқ фаъол гардид, ки ҳамаи сокинони ноҳияро ба ҷамъоварии пахта даъват мекунад.

Сабаби басташавии бозорҳои маркази ноҳияи Восеъро масъулин чунин шарҳ додаанд, ки бозорҳо мардумро ба тиҷорат ҷалб мекунанд ва аҳолӣ ба кори саҳро намебарояд. Коршиносон мегуянд, басташавии бозорҳо нахустин қадами ҳукуматҳои маҳалии вилояти Хатлон дар роҳи бо зур ба пахтачинӣ бурдани мардум аст. Зеро дар сурате ки ҳукуматҳо баъд аз ваъдаҳои зиёди солҳои қаблӣ ба пахтачинҳо маъоши моҳона надодаанд, кишоварзон дигар ба кори саҳро, ки ройгон аст ва бар ивазаш дар аксари маврид, деҳқон танҳо ғузапоя мегирад, намебароянд.

Басташавии бозорҳои ноҳияи Восеъ, ки аз бозорҳои марказии минтақаи Кулоб маҳсуб мешаванд, нарху навои маҳсулотро дар минтақа боло бурдааст. Ҷумъабозор, панҷшанбебозор ва якшанбебозор дар ҳудуди ҳамин ноҳия баргузор мешуда ва тоҷирон аз навоҳии акноф аз ҳамин бозорҳо харид мекарданд. Дар сурати басташавии ин бозорҳо дигар бозорҳои хурду бузург дар минтақа низ ба таври стихиявӣ баста мегарданд.

Аз ҷониби дигар дар тамоми навоҳии вилоят бидуни бозори марказии ноҳия дигар бозорҳои хурду бузург баста мешаванд ва ба онҳо ҳам танҳо тоҷироне роҳ меёбанд, ки маводи ниёзи аввалияи мардумро мефурушанд. Коршиносони маҳаллӣ амри басташавии бозорҳои марказиро аз суи ҳукуматҳо қонунпоймолкунии масъулини навоҳии Хатлон муаррифӣ кардаанд, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта садҳо тан аз тоҷирони хурдро муфлис мекунанд.

XS
SM
MD
LG