Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири фоҷиаҳои 11 сентябр ба вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон



Абдуқайюми Қаюймзод

Коршиносон мегуянд, амалиёти зиддитеррор мушкилоти амниятиро дар Осиёи Марказӣ ва бахусус дар Тоҷикистонро ба таври мусбат ҳал кардааст.

Истиқболи Тоҷикистон аз шуруъи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистони ҳамсоя имконоти нави ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои ҷаҳон дар бахши низомӣ ва амниятӣ фароҳам овард. Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон - гуфт, ҳарчанд дар ин амалиёт неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат накардаанд, вале Тоҷикистон бо вогузории ҳарими ҳавоӣ, фурудгоҳ ва марзҳои худ дар ихтиёри неруҳои Эътилофи байналмиллалии зиддитеррор аз ин амалиёт пуштибонӣ кард.

Ҷаноби Хайруллоев афзуд, узвияти Тоҷикистон дар Эътилофи байналмилаллии зиддидаҳшатафканӣ, дар сиёсати низомии кишвар дигаргуниҳо ба бор овард. Аз ҷумла, барои бори аввал як қисми маҳдуди неруҳои низомии Фаронса, ки узви НАТО - Паймони Атлантики Шимолӣ мебошад, дар Тоҷикистон мустақар шуданд.

Вазири дифоъи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, баъд аз ин шароите фароҳам омад, ки Тоҷикистон ҳамкории амалии худро бо кишварҳои узви НАТО ва бо худи Паймони Атлантики шимолӣ шуруъ кунад. Машқҳои низомии муштарак, ки дар ду соли ахир сурат гирифтанд, далели ин гуфтаҳост: "Мо дар муддати ду се сол чанд машқи муштарак гузаронидем. Чунин машқҳо бо Маркази мубориза алайҳи терроризми кишварҳои ҳамсуд гузашт. Имсол бошад дар чанд тамрингоҳи низомии кишвар бо русҳо ва ҳиндуҳо машқ гузаронидем. Дар Чин гуруҳи оперативии мо дар машқҳои муштарак иштирок кард."

Коршиносон бар ин назаранд, амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон мушкилоти таъмини амниятро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бахусус дар Тоҷикистонро ба таври мусбат ҳал кардааст. Таҳдиди Ҳаракати Исломии Узбакистон ва бархе аз ҷангиёни собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки шароити сулҳи кишварро напазируфта, дар қаламрави Афғонистони таҳти назорати Толибон фурсатталабӣ мекарданд, аз байн бурда шуд.

Коршиносон мегуянд, бо маҳви низоми Толибон, ки ҳаракатҳои иртиҷоии зидди мамолики Осиёи Марказиро пуштибонӣ мекард ва ташкили ҳукумати нав дар Афғонистон, кишварҳои минтақа барои таҳкими мубориза алайҳи терроризм талошҳои бештаре ба харҷ медиҳанд.

Султони Ҳамад, коршиноси мустақили тоҷик мегуяд, таъсиси Маркази мубориза алайҳи терроризм дар Тошканд дар доираи созмони Ҳамкориҳои Шанхай, маҳз бо ҳамин ҳадаф мебошад. Ба эътиқоди Султони Ҳамад, пирузии Эътилофи байналмиллалии зиддитеррор дар Афғонистон, барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, минҷумла ба Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шароитро ҷиҳати комилан аз байн бурдани гуруҳҳои ифротӣ ва ё аз по даровардани фармондеҳони саркаш муҳайё сохт: Он хатареро, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ру ба руи хеш доштанд, яъне хатари Толибон аз байн рафт ва аз суи дигар дар худи Тоҷикистон ҳам пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, буданд қувваҳое, ки сулҳро қабул надоштанд ва кушиш мекарданд, ки дар ин ё он гушаи Тоҷикистон нооромиҳоро ба вуҷуд биёранд ва бо истифода аз фурсати ба вуҷуд омада неруҳои низомии тоҷик тавонистанд, чунин неруҳоро аз байн баранд."

Оқои Ҳамад афзуд, ба туфайли амалиёти Эътилофи байналмиллалии зиддитеррор дар Афғонистон, амният дар минтақаи Боткенти Қирғизистон, ки имкон дошт, ба пойгоҳи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шавад, низ таъмин шудааст.

Коршиносон пас аз террори Абдураҳим Раҳимов - собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки рузи 8 сентябри соли 2001, се руз пеш аз анҷоми амалиёти террористӣ дар Марказии ҷаҳонии тиҷорат сурат гирифта буд ва ҳамчунин пас аз куштори Карим Юлдошев - мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури сиёсати беруна - дар тобистони соли 2001 рух надодани ҳеҷ як амали терорристиро дар кишвар далели субот ва таҳкими амнияти Тоҷикистон меҳисобанд.

Таҳлилгарон мегуянд, танҳо таҳдиде, ки ба амнияти минтақа ва Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир боқӣ мондааст, фаъолиятҳои фазояндаи гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир мебошад. Ва ба назари Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон, ин кишвар наметавонад, дар танҳоӣ бо ин гуруҳҳо муқовимат кунад.

XS
SM
MD
LG