Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов мардумро табрик гуфт



Раҳматкарими Давлат



Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи тантанавӣ, ба муносибати рузи истиқлолияти кишвар суханронӣ кард. У ҷашни истиқлолияти Тоҷикистонро ба сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ табрик гуфт ва зимни баршумурдани муваффақиятҳои Тоҷикистон зарфи 12 соли мустақилият афзуд, дар ин муддат корҳои муҳиме дар заминаи гузоштани пойдевори мустақилияти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар гузошта шудааст.

Оқои Раҳмонов таъкид кард, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҷиҳати таъмини ниёзмандиҳои дохили кишвар, хусусан ба маводи ғизоӣ, пешрафт кардаст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, татбиқи барномаи фақрзудоӣ, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилаллии молӣ низ пуштибонӣ мешавад, яке аз вазифаҳои авлавиятноки ҳукумати кишвар мебошад.

У афзуд, Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дар ибтидои истиқлолият дастхуши нооромиҳо ва ҷанги дохилӣ гардид, вале боз ҳам тавонист, масоили амниятӣ дар дохилро ҳал кунад ва ба ҷаҳону минтақа роҷеъ ба хатарот ва таҳдидоти мавҷуд ҳамеша пайём фиристодааст.

Оқои Раҳмонов афзуд: "Кишвари мо, ки ҳануз дар ибтидои истиқлолияти худ ба зарбаҳои гарони ҷанги гражданӣ, терроризм ва экстремизм дучор омад, ҷомеаи ҷаҳониро аз ин падидаҳои ниҳоят харобиовари глобалӣ ҳушдор дода. Ногуфта намонад, ки тайи ин солҳо Тоҷикистон ҳамчун минтақаи буферӣ, на танҳо Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои Аврупоро низ аз оқибатҳои фалокатбори ин вабоҳои аср муҳофизат мекунад. Ташаббусҳои мо доир ба ташкили минтақаи амният дар атрофи Афғонистон, таҳия ва қабули Консепсияи Коалитсияи ягонаи мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки дар амалияи ҷаҳонӣ собиқа надорад, исботи садоқати мо дар пешгирии хатарҳои нави башарӣ мебошад."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин гуфт, як шарти таъмини амният ва субот дар минтақа, таваҷҷуҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳалли масъалаи рушди босуботи кишварҳои дар ҳоли тараққӣ мебошад.

Оқои Раҳмонов дар қисмати дуввуми суханронии табрикотии худ ба Ҳаким Носири Хусрав ва хидмати у дар густариши адабиёти форсии тоҷикӣ пардохт, ки ҳазорсолагии у ҳамзамон бо ҷашни истиқлоли кишвар таҷлил мешавад ва таваҷҷуҳро ба ҳалли масоили илмӣ ва забонӣ ҷалб кард.

У гуфт, бояд дар ҷиҳати амалӣ шудани Қонуни забон ва густариши забони давлатӣ талоши бештаре сарф шавад. Оқои Раҳмонов ба зиёиён ру овард ва таъкид кард, мо медонем, ки барои ҳалли ин масоили илмӣ ва адабӣ таваҷҷуҳ ва маблағгузории давлат зарур аст, вале аз ҷумла Носири Хусрав ва Ибни Сино, ки хидматҳои пуразише барои илму адаби форсӣ карданд, аксари асарҳои илмии худро дар ҳоле эҷод карданд, ки таҳти таъқиб ва овора буданд.

XS
SM
MD
LG