Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фариштаи китфи рост" ба "Киношок" рафт



Мирзои Салимпур



Рузи якшанбе дар Анапаи Русия фестивали мавсум ба "Киношок" оғоз ба кор кард, ки дар ҷараёни он то рузи 14 сентябр беҳтарин филмҳои ҳунариву мустанад аз кишварҳои шуравии собиқ намоиш дода мешаванд. Дар ин ҷашнвора беш аз 300 намоянда аз ин кишварҳо ҷамъ шудаанд.

"Киношок" баробар бо ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар Маскав ва озмуни "Кинотавр" дар Сочи яке аз се озмуни маъруфи синамо дар сатҳи Русия маҳсуб мешавад.

Тоҷикистонро дар ин озмун коргардон Ҷамшед Усмонов бо филми наве бо номи "Фариштаи китфи рост" намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин синамогарони Русияву Украина, Арманистону Озарбойҷону Гурҷистон, Литва, Эстония, Беларус ва Узбакистону Қазоқистон дар фестивали "Киношок" филмҳои худро ба маърази тамошо ва сабқат мегузоранд.

XS
SM
MD
LG