Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳҳои Тоҷикистон оё мустақиланд?



Абдуқайюми Қайюмзод

Вижагуфтори Радиои Озодӣ

Ислоҳоти Қонуни Асосии кишвар дар тобистони соли ҷорӣ, муҳлати фаъолияти додрас ва ё судяҳоро дар вазифа аз панҷ то ба даҳ сол тамдид кард. Коршиносони риштаи ҳуқуқ ин тағйиротро як гоми мусбат ҷиҳати таъмини мустақилияти ҳокимияти додгоҳии Тоҷикистон хонданд.

Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегуяд, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз авомили умдаи таъмини мустақилияти ҳокимияти додгоҳӣ, ҳамчун шохаи алоҳидаи идораи давлат фаъолияти тулонӣ ва ҳатто умрбодии додрасҳост: "Аз панҷ сол ба даҳ сол дароз кардани муҳлати ваколати судяҳо ин як қадами боҷуръатонаест дар роҳи ислоҳоти судӣ, зеро барои таъмини мустақилияти суд ин яке аз нуқтаҳои асосӣ мебошад. Тавре ки мо медонем, вақте, судя ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад ва баъди ҳар як панҷ сол проседура ё тартиби аз нав ба вазифа пешниҳод кардану таъйин кардани вай ба миён меояд, хоҳ нохоҳ ҳар шахсе, ки дар ин вазифа кор мекунад, вазифадор аст, дар бораи минбаъд дар ин вазифа кор кардани худ фикр кунад. Аз ҳамин лиҳоз дар баъзе мавридҳо баъзе шахсони алоҳида метавонистанд, аз имконият истифода бурда дар қабули қарорҳо таъсири худро гузоранд"

Аммо ба назари коршиносон, тағйироти мазкур ҷузъӣ мебошанд ва ба сурати куллӣ ҳокимияти додгоҳӣ дар Тоҷикистон мисли замони шуравии собиқ дар шароити вобастагӣ қарор дорад. Таҳлилгарон мегуянд, дар қонунҳои ҷории Тоҷикистон салоҳияти додситонӣ - ниҳоди иҷроиявии назорати қавонин нисбат ба додгоҳ, ки шохаи мустақили давлатист, васеътар мебошад.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Асосӣ ва Кодекси Мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон додситон ҳақ дорад, тарзу татбиқи иҷрои қонунҳоро назорат барад, боз кардани парванда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ, додани рухсат ва ё санксия барои боздошт, ҳабс ва ба ҷавобгарӣ кашидан низ, дар ихтиёри додситон гузошта шудааст.

Бар изофаи инҳо, намояндаи додситонӣ ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳ иштирок хоҳад кард ва ҳамчунин ҳақ дорад, аз болои ҳукми додгоҳ эътироз оварад ва эътирози додситон аксар вақт ҳукмро дигар мекунад ва ё ҳадди ақал водор месозад, ҳукм ба баррасии такрории додгоҳ фиристода шавад.

Бар асоси иттилоъи Додситонии Кулли кишвар, танҳо дар соли гузашта додситонӣ аз болои 481 ҳукми додгоҳ эътироз оварда, иҷрои ҳукми додгоҳҳоро зери тардид қарор дод.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар, мегуяд додситонӣ дурустӣ ва нодурустии ҳукми додгоҳро назорат мекунад ва дар сурати зарурӣ ҳақ дорад эътироз оварад: "Прокуратура аз болои ҳукму қарорҳои суд назорат мебарад, қонунӣ будани вайро. Қарорҳои ғайриқонуние, ки аз тарафи судҳо бароварда мешаванд, ҳамонро таҳти назорат бурда, эътироз ва ҳуҷҷатҳои прокурорӣ бароварда, ба худи ҳамон судҳо муроҷиат мекунем, ки фалон ҳукм ё қарор ғайриқонунӣ аст, ҳаминро ба қонун мутобиқ кунед, бекор кунед. Дигараш он ки дар давраи ҳамин ҳар сол аз сесад чорсад то панҷсад қарорҳои ғайриқонунии судҳо бо эътирози прокурор худи судҳо бекор мекунанд, ба қонун мутобиқ мекунанд".

Вале Ватан Абдураҳмонов - директори Маркази таълими ҳуқуқӣ бар ин ақида аст, овардани эътироз аз суи намояндаи додситонӣ, ки ҳамзамон айбдоркунандаи давлатӣ низ мебошад, як далели рушани вобастагии ҳокимияти додгоҳии кишвар мебошад: "Дигар ин ки назорати прокуратура аз болои қарори суд нодуруст аст. Барои он ки мутахассис ҳуқуқшиноси касбӣ бошад, агар се нафар корро мебинанд, прокурор бошад як худаш. Ҳам вай таҷрибаи кори судӣ надорад. Ин ғайриқонунӣ аст, назорат аз болои кори судҳо бояд нашавад. Мисол гирем, дар коллегияи судӣ кор дар ҳайъати се нафар мутахассис дида баромада мешавад. Эътироз меоварад, як нафар ҳақ дорад, барои овардани эътироз. Нигоҳ кунед, акнун баландии мутахассисҳо дар куҷост дар суд ва ё дар прокуратура. Суд бояд баландтар шавад аз прокуратура. Мо бошем ҳатман прокурорро болотар гузоштаем". Оқои Абдураҳмонов афзуд, ки дар ин чунин маврид додгоҳ, ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ нуфузи худро дар ҷомеа аз даст хоҳад дод.

Ойниҳол Бобоназарова -профессори риштаи ҳуқуқ бар ин назар аст, ки додгоҳ дар Тоҷикистон ба ҳайси як шохаи мустақил ва новобастаи ҳокимияти давлатӣ устувор нашудааст: "Дар мо назорат аз болои судҳо ҳаст аз тарафи прокуратура, ба ғайр аз ин ҳамон психологияе, ки прокуратура ҳама чизро ҳал мекард, то ҳол боқӣ мондааст. Агар шумо дар мурофиа бошед, судҳо ин қадар прокурорро бодиққат гуш мекунанд, адвокатро гуш ҳам намекунанд. Яъне дар бисёр мавридҳо ҳамон чизе, ки прокуратура мегуяд, судҳо ҳамон хел ҳал мекунад. Яъне то ҳозир мустақилияти судҳоро мо надида истодаем. Ҳокимияти судӣ бояд тақдири одамро ҳал кунад, на ин ки прокуратура. Мо мебинем, ки баъзан прокуратура санксия медиҳад, солҳо одамҳо дар ҳабсанд, яъне ки вақте одам як сол дар ҳабс мешинад, ин аллакай ҳалномаи уст. Ин як руз нест ду руз нест, онҳо муҳлатро давом медиҳанд."

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, мегуяд ҳокимияти додгоҳии кишвар бо чанд омил дар ҳоли ҳозир омода нест, ки битавонад санксия ва ё иҷозаи ҳабсро дар ихтиёр дошта бошад: "Судҳои мо имруз тайёр нестанд, ки масъалаи ба ҳабс гирифтан дар ихтиёри онҳо дода шавад, чунки дар таёйрии кадр аз ҷиҳати нарасидани кадр ба ин орган ҳоло шароити пурра муҳайё карда нашудааст. Барои ҳамин ҳозир дар республикаи мо додани иҷозаи ҳабсу кофтуков ва дигару дигар ба зиммаи прокуратура гузошта шудааст."

Аммо Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини раиси Додгоҳи Олӣ, ба фикри додситони кулл розӣ нест: "Модоме, ки судҳо дар бораи гунаҳгорӣ ва ё бегуноҳии шахс, ки чизи аз ҳама муқаддас барои ҳар шахс аст, қарори худро қабул кунанд, онгоҳ чӣ гуна гуфтан мумкин аст, ки онҳо наметавонанд, масъалаи додани санксия ва ё надодани онро ҳал кунанд. Ба фикрам масъалае, ки судҳо омода нестанд, чандон масъалаи ҷиддӣ нест."

Коршиносон ин нуктаро, ки дар давоми беш аз даҳ соли ахир ягон нафар аз кормандони додситонӣ барои фаъолияти ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст, вале танҳо дар як соли пеш бо иттиҳомоти мухталиф ба зиндон кашидани се нафар додраси додгоҳро низ як далели заъфи ҳокимияти додгоҳии кишвар мешуморанд.

Ба назари онҳо, дар аксари вақт салоҳият ва ваколатҳои додгоҳро додситонӣ дар даст дорад. Коршиносон дар се соли пеш таъсиси Шӯрои ҳамоҳангии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва дар раъси он қарор гирифтани додситони кулл ва ҳамчунин дар додситонӣ мавҷудияти идораи алоҳидаи назорат аз болои фаъолияти додгоҳро ба ин гуфтаҳои хеш далел пеш меоваранд.

Аммо ба иттиллоъи Муҳаммадалӣ Ватанов - муовини раиси додгоҳи олӣ - дар ҳоли ҳозир як ҳайъати муштараки мутахассисони риштаи ҳуқуқ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон тарҳи нави Кодекси мурофиавӣ - ҷиноиро омода кардаанд, ки тибқи он бисёре аз ваколатҳои додситонӣ ба додгоҳ вогузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG