Мирзонабии Холиқзод
Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайрулоев рузи чоршанбе, 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 70 муҳассили соли аввали омузишгоҳи ҳарбии Тоҷикисон барои такмили ихтисос ба мактабҳои низомии Русия фиристода шуданд. Онҳо панҷ сол дар риштаҳои гуногуни ҳарбӣ дар Русия таҳсил мекунанд.
Шералӣ Хайрулоев сабаби аслии ҷалби донишҷуёни низомии тоҷик ба мактабҳои Русияро чунин шарҳ дод: "Мо дар худи ҷумҳурӣ шароити омода кардани афсаронро надорем. Як мактаби олӣ дорем қудрати вазорати моро бо афсарон таъмин кардан надорад. Мактабҳои олие, ки дар онҷо ҳастанд, садсолаҳо таҷрибаи корӣ доранд. Базаи омузише, ки онҳо доранд, мо надорем. Дар макотиби онҳо сарбозон ҳаматарафа саводи хуб мегиранд."
Оқои Хайруллоев афзуд, дар ҳоли ҳозир дар макотиби ҳарбии Русия беш аз 600 донишҷуёни тоҷик таълим мегиранд. Ва харҷи таҳсили онҳо аз тарафи вазорати дифои Русия пардохта мешавад. Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, тақрибан ҳар сол беш аз 100 донишҷуи тоҷик ба Русия мераванд.
Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон мегуяд, бар асоси созишномаҳои дутарафа, донишҷуёни тоҷик ба омузишгоҳҳои ҳарбии кишварҳои хориҷаи дур низ ҷалб шудаанд ва дар оянда низ сафарбар хоҳанд шуд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар назар дорад, ояндаи наздик муҳассилони тоҷикро ба макотиби ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб барои таълим фиристад.