Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози соли нави таҳсил ва вазъи маориф дар Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Коршиносон мегуянд, вазъи маорифи Тоҷикистон дар сурати умум бисёр бад аст.

Эй булбулакони боғи дониш, шодона таронаҳо муборак, Боз омадааст, фасли хониш таҳсили нави шумо муборак.

Ин байтро Парвин як нафар толибаи синфи якум хонд, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам ниҳод. Якуми сентябр, дар оғози рузи нави хониш дар Тоҷикистон 1 миллиону 700 ҳазор хонандаи тоҷик вориди синфхонаҳо шуданд. Ин нуктаро вазири маорифи Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ба муносибати оғози соли таҳсили 2003 - 2004 дар яке аз мактабҳои пойтахт баён дошт. Ба гуфтаи вазири маорифи Тоҷикистон шумораи муҳассилини тоҷик дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 5 ҳазор нафар зиёдтар аст. Аммо Сафаралӣ Раҷабов вазири маорифи Тоҷикистон нарасидани омузгорони соҳиби таҳсилоти олӣ ва китобҳои дарсиро мушкилоти умда дар ин соҳа медонад.

Файзулло Партоев, сардори идораи мактабҳои миёнаи вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфт, созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Рушди Осиё, Хазинаи Оғохон ва ОПЕК дар бахши маорифи кишвар, минҷумла ҷиҳати интишори китобҳои дарсӣ сармоягузорӣ мекунанд: "Бонки Осиёии Рушд китоби риёзиёт барои хонандагони 40 ҳазор нусха китоби риёзиёт барои синфи панҷумро таҳия намуд. Дар айни замон дар Хазинаи Байналмиллалии Рушди ОПЕК дастхати китоби дарсии "Таърихи Халқи Тоҷик" барои синфи 6, алгебра барои синфҳои 7 ва 9 , дар Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди сектори иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон бошад, дастхати китоби дарсии "Таърихи Халқи Тоҷик" барои синфи 5, ҷуғрофияи синфи 8 омодаи чоп мебошад."

Бар асоси маълумоти вазорати маорифи кишвар, дар соли равон сохтмони бинои 7 мактаб аз ҳисоби қарзҳои Бонки Исломии Рушд барои 5200 муҳассил ба итмом расид. Вале татбиқи барномаи вазорат барои бо компютер таъмин кардани макотиби кишвар, ба иллати мушкилоти иқтисодӣ бо кундӣ пеш меравад.

Файзулло Партоев, сардори раёсати макотиби миёнаи вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, то ҳоли ҳозир аз 3676 мактаби таҳсилоти умумӣ дар 608 мактаб синфҳои кампютерӣ ташкил шудааст. Ҳоло дар дабистонҳои Тоҷикистон 10 ҳазору 26 кампютер дар дастрасии хонандагон қарор дорад. Аммо барои макотиби кишвар 28 ҳазору 530 компютер, ин ҳам аз руи ҳисоби нуҳ компютер барои талабаҳо ва як то ба муаллим зарур аст.

Тибқи иттиллоъи вазорати маориф, дар соли равон барои макотиби кишвар бештар аз даҳ ҳазор омузгор намерасад. Коршиносон иллати аслии нарасидани омузгоронро дар макотиби кишвар ба ночиз ва нокифоя будани маоши онҳо марбут медонанд.

Мазҳабшо Муҳаббатшоев, корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон мегуяд, маҳз камии маош боис мешавад, ки муаллимон мактабро тарк ва ба хотири таъмини хонаводаҳо ба дигар корҳо аз ҷумла ба мардикорӣ низ ру меоваранд: "Дар кишваре, ки маоши муаллим даҳ доллар аст, оё ин омузгор барои кор ба мактаб меравад. То рузе, ки пояҳои иқтисодии маориф дар Тоҷикистон устувор нашавад, дар бораи забономузиву илмомузӣ гап задан душвор аст. Дар макотиби тоҷикӣ ба ғайр аз омузонидани хондану навиштан, дигар навъи таълим вуҷуд надорад ва ин барои фардои Тоҷикистон бисёр ваҳшатнок аст. Вазъи маорифи Тоҷикистон дар сурати умум бисёр бад аст."

Вазорати маорифи кишвар ҷорӣ шудани таҳсили пулакӣ пас аз хатми таълими ҳатмии нуҳсоларо, як иқдоми шоиста дар роҳи рушди бахши маорифи кишвар арзёбӣ мекунад. Аммо ба назари Мирҳусайн Нарзиев, устоди Донишгоҳи омузгории Душанбе, низоми соҳаи маорифи кишвар ва ба вижа усули таълим ва тадрис дар макотиби миёнаи Тоҷикистон таҳаввул надида, мисли замони шуравии пешин дар қолаби русӣ ба роҳ монда шудааст. Оқои Нарзиев бар ин назараст, ки соҳаи маорифи кишвар ниёз ба ислоҳоти бештару ҷиддӣ дорад.

Дар соли нави хониш бо дастури вазири маорифи Тоҷикистон, нахустин дарси макотиби миёнаи кишвар "Дарси сулҳ" тағйир ёфт ва минбаъд он бо номи дарси "Садоқат ба ватан" тадрис мешавад.

Сафаралӣ Раҷабов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар суҳбат бо як нашрияи чопи Душанбе гуфтааст, аз ин ба баъд устодон дар ин дарс аз хидмату ғамхории Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мактабу маориф ва талошҳои вай дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар ҳикоят хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG