Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони маркази исмоилиҳо шуруъ мешавад



Мирзои Салимпур



Хабаргузории Франс Пресс иттилоъ дод, ки дар пойтахти Тоҷикистон расми оғози сохтмони Маркази исмоилиҳо баргузор шуд. Дар ин маросим дар ҳузури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонов ва раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон Имом Оғохони 4 хишти аввали ин сохтмон дар пойдевори он гузошта шуд. Маркази исмоилиҳо дар Душанбе, ки бо сармоягузории Сандуқи Рушди Оғохон бино мешавад, нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, Шаҳзода Оғохони 4 сармоягузории сохтмони як меҳмонсарои панҷситорадорро дар пойтахти Тоҷикистон низ ба уҳда гирифтааст. Франс Пресс мегуяд, дар сартосари ҷаҳон тақрибан 15 милён нафар пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд ва аз ин шумор 200 000 нафараш дар ҳудуди Тоҷикистон ва умдатан дар вилояти Куҳистони Бадахшон ба сар мебаранд.

Сандуқи рушди Оғохон, ки соли 1967 таъсис ёфтааст, дорои чандин шабакаест, ки дар риштаҳои рушди кишоварзиву маориф, ҳифзи сиҳат, кумакҳои башарӣ ва арзаи хадамоти молӣ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG