Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон ба Маҷлиси Миллӣ ва Додситонии Кулли Тоҷикистон



Хиромон Бақозода

Кумита аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, баррасии парвандаҳои қотилони хабарнигорони ин кишварро ба поён расонад.

Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон бо ирсоли ду нома ба унвони раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовини додситони кулл Азизмад Имомов даъват кард, ба масоили ҳуқуқии журналистон дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунанд ва баррасии парвандҳои ҷиноии қатли 29 хабарнигори тоҷикро дар солҳои 1992-99 анҷом диҳанд.

Дар мактубе, ки аз номи Александр Люпис, ҳамоҳангсози барномаҳои марбут ба Аврупову Осиёи марказии ин кумита ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев фиристода шудааст, гуфта мешавад, Кумитаи байналмилаллии дифоъ аз журналистон аз маҳдудиятҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар робита бо дастрасии хабарнигорон ба маълумот шадидан нигарон аст.

Дар бандҳои 135, 136 ва 137-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гуфта мешавад, барои беэҳтиромии шаъну эътибори инсон ва ниҳоят таҳқир ва буҳтони президент аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Кумитаи дифоъ аз журналистон мегуяд, ҳар нафар метавонад, ин бандҳои қонунро ба манфиати худ истифода кунад ва ашхоси бегуноҳ мавриди таъқиби ҷинойӣ қарор дошта бошад. Фишор ба озодии баён ва дастрасии озоди мардум ба маълумот аз суйи ҳукуматдорон, ба манфиати Тоҷикистон нест, мегуяд Кумитаи дифоъ аз журналистон.

Дар нома омадааст, бахши аъзами коршиносони байналмиллал бар ин ақидаанд, ки ин бандҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хилофи Созишномаи байналмимлии ҳуқуқҳои сиёсиву башарии инсон аст. Дар фарҷоми ин нома Александр Люпис, ҳамоҳангсози барномаҳои марбут ба Аврупову Осиёи марказии ин кумита аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон даъват мекунад, парлумони ин кишвар қонунеро қабул кунад, ки бахши буҳтон ва ё туҳматро аз муҷозоти қонунӣ соқит намояд.

Дар ҳамин ҳол, мегуяд Кумитаи дифоъ аз журналистон, бояд ҳаққи шаҳрвандон дар шикояти додгоҳӣ алайҳи ашхосе, ки ба нақзи шаъну эътибори онҳо даст мезананд, ҳифз гардад.

Дар номаи дигар ба унвонии муовини додситони кулл Азизмад Имомов, бо изҳори қаноатмандӣ дар ҳамкории Кумитаи дифоъ аз журналистон бо мақомоти додситонии кулл омадааст, яке аз роҳҳои бартарафсозии худсонсурии расонаҳои хабарии Тоҷикистон ин пардабардорӣ аз 29 ҳодисаи қатли журналистони тоҷик дар тули солҳои 1992 то 1999 аст. 17 нафар аз журналистон ба маълумоти Кумитаи дифоъ аз журналистон барои фаъолияти касбӣ кушта ва 12 нафари дигар ба эҳтимоли фаъолияти хабарнигориашон ба қатл расидаанд.

Азизмад Имомов, муовини додситони кулл дар мусоҳиба бар радиои Оздоӣ гуфт, ҳарчанд ҳануз ин мактуб дастраси у нагаштааст, аммо додситонӣ баррасии ин парвандаҳоро идома медиҳад: "Прокуратураи Генералии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти интизомии ҷумҳурӣ баҳри таъмини тафтишоти пурра ва ошкор намудани ҷиноятҳое, ки нисбати рузноманигорон дар ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудааст, чораҳои зарурӣ дида истодаанд."

Номаҳои мазкур як моҳ баъд аз мулоқоти ахири раҳбарияти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон бо раиси Маҷлиси Миллӣ ва муовини додситонии кулли Тоҷикистон ирсол гардид, ки дар таърихи 21-22-юми июл дар Душанбе сурат гирифт. Зимни ин мулоқот ҷониби Тоҷикистон ба Кумитаи дифоъ аз журналистон ваъда дода буд, дар тули 30 руз парвандаҳои даҳҳо журналисти мақтули тоҷикро ба баррасӣ мегирад ва ба Кумитаи журналистон посух медиҳад.

Баъди як ҳафтаи ин мулоқот додгоҳи олии Тоҷикистон парвандҳои ҷиноии қотилони Муҳиддини Олимпур, хабарнигори Би Би Си ва Виктор Никулин, хабарнигори телевизиони Русияро эълом кард. Ва имруз, дар номаи Кумитаи дифоъ аз журналистон омадааст, ин ниҳод изҳори умед мекунад, ки баррасии парвандаҳои 29 хабарнигори дигари тоҷик ҳам дар фурсати наздик анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG