Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари илмиву фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



Дар шаҳри Душанбе ҳафтаи намоиши филмҳои қазоқӣ оғоз шуд. Тули як ҳафта дар синамохонаҳои пойтахт филмҳои офаридаи ҳунармандони қазоқ ба намоиш гузошта мешавад. Намоиши филмҳо бо забони русӣ сурат мегирад.

Даври аввали озмуни театрҳои халқӣ ва студияҳои драмавии Тоҷикистон бо номи "Ҷомиа - алайҳи нашъамандӣ" ҷамбаст гардид. Театрҳои навоҳии Рашт ва Тавилдара дар ин даври озмун ғолиб дониста шуданд. Дар ин озмун 21 театри халқӣ ва 5 студияи драмавӣ ширкат варзид. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин озмунро бо ҳадафи ташаккули театрҳои халқӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон баргузор мекунад. Даври ниҳоии ин озмун дар моҳи октябр ҷамъбаст мегардад.

Муҳаммадалӣ Сафаров, академики тоҷик ва устоди донишгоҳи техникии Тоҷикистон, тибқи натиҷаи назарпурсии Созмони байналмилалии олимони соҳаи химия ва физика одами сол шинохта шудааст.

Барои авалин бор се донишҷуи тоҷик дар Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии Експо - Илм - 2003 дар шаҳри Маскав ширкат намуданд. Дар ин намоишгоҳ 2500 нафар аз 100 кишвари дунё бо намунаи кори эҷодияшон ширкат доштанд. Олимони ҷавони тоҷик ба ин намоишгоҳ натиҷаи корҳои илмии худро бо номи "Антеннаи шабакаи огоҳкунӣ дар атрофи кули Сарез" ва барномаи "Антеннаҳо барои синтези бевоситаи мавҷҳои электромагнитӣ" пешниҳод кардаанд.

Чопхонаи "Пайванд" китоби раиси пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти форсӣ, профессор Додихудо Саймуддиновро бо номи "Адабиёти паҳлавӣ" нашр кардааст. Ин китоб нахустин талоши бунёдии илми адабиётшиносии тоҷик дар ҷиҳати пажуҳиши осори паҳлавӣ номида мешавад. "Адабиёти паҳлавӣ" бо ду хатти форсӣ ва сирилик нашр шудааст.

XS
SM
MD
LG