Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссия омили сухтори ҷангалҳоро меҷуяд



Мирзонабии Холиқзод



Субҳи 19 август Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия дар масъалаи сухтори 2000 гектар замини кишт ва ҷангалзори ноҳияи Шуробод таҳти сарварии муовини аввали вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон Рустам Латифов ба ҷои ҳодиса рафт. Дар ин комиссия намояндагони вазорати амният, додситонии кулл, кумитаи марзбонӣ вазорати ҳифзи табиат, иттиҳодияи ҷангал ва ходимони марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Бино ба иттилои вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон, дар натиҷаи мушакандозии чархболҳои Неруҳои федералии марзбонии Русия дар як машқи низомии ахир дар 200 километрии ҷануби пойтахти кишвар 6 километр дарунтар аз хати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оташсузӣ ба амал омад.

Ба маълумоти вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон, бар асари ин сухтор баробар ба се миллион сомонӣ ё 1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳида ба давлати Тоҷикистон зиён расидааст. Додситони ноҳияи Шуробод алайҳи дастандаркорони ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Тибқи ин парванда, марзбонони Русия дар ин ҳодиса айбдор дониста шудаанд.

Аммо дафтари матбуоти Гуруҳи марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон, ин иддаоро рад мекунад. Ба маълумоти Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, 11 август замоне, ки оташсузӣ дар ин минтақа рух додааст, ду чархболи Русия аз ҳарими ҳавоии деҳкадаи Ҷилгаи Шуробод убур кардааст. Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон мегуяд, аз 200 нафар мардуми осоиштае, ки барои хомуш намудани оташсузӣ ҷалб шуда буданд, як тани онҳо ба ҳалокат расида ва ду нафари дигар дар ҳолати сангин дар беморхонаи шаҳри Кулоб ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG