Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марат Мамадшоев: "Ҷамол" пирамидаи молӣ буд."



Мирзои Салимпур

Мусоҳиба бо сардабири нашрияи "Азия Плюс" пиромуни ҷанҷоли пурмоҷарои муҳрафурушиҳои "Ҷамол"

Радиои Озодӣ: "Марат, шумо дар робита ба ин қазияи пурсарусадо ва пурмоҷарои корхонаи муҳрафурушии "Ҷамол" чӣ назар доред?"

Марат Мамадшоев:"Ба фикри ман, фаъолияти ин ширкат монанди як пирамидаи муқаррарии молӣ буд, ки кушиш мекард бар ҳар восита сармояи бештари аҳолиро ба даст оварда, рузе ғайб занад. Аммо дар мавриди шеваи боздошти фаъолияти "Ҷамол энд Компани" бояд бигуям, ки дар қонунгузории Тоҷикистон усули пешгирӣ аз фаъолияти пирамидаҳои молӣ баён нашудааст.

Душвор аст гуфтан, ки аз нигоҳи қонунӣ ин иқдом чӣ андоза дуруст буд, вале агар ба он корхонаи муҳрафурушӣ имкони тавсиъаи бештари фаъолият медоданд, ин ҳодиса пайомадҳои гаронтареро ба думбол меовард.

Ба фикри ман, барои мубориза бо чунин пирамидаҳои молӣ ҳам давлат ва ҳам ҷомиаи шаҳрвандӣ бояд ба масъалаи маърифати ҳуқуқии ҷамъият таваҷҷуҳи бештар нишон дода, табиист ки механизмҳоеро дар қонунгузорӣ низ таҳия кунад.

Чунки ин ширкат саҳҳомони зиёде дошт, ки ҳоло норозӣ шудаанд ва ғазаби онҳо метавонад вазъро дар ҷомиа ба ҳам занад. Авзоъ дар ҳоли ҳозир хеле ҷиддӣ аст."

Радиои Озодӣ: " Марат, биёед тасаввур кунем, ки агар ҳукумат иқдомоти ахири муҷозотиаш дар мавриди фаъолияти "Ҷамол энд Компани"-ро амалӣ намекард, пас чӣ мешуд?"

Марат Мамадшоев: "Ба сурати умум, захираи маблағҳои озод дар пойтахти Тоҷикистон тадриҷан ба пойин мерасид ва метавон тахмин зад, ки ин ширкат фаъолияташро ба манотиқи дигари кишвар мекучонид. Ба шуниди ман, онҳо мехостанд аз ҷумла дар Хоруғу Кулоб ҳам шуъба кушоянд. Ва аммо ба ақидаи ман, пирамидаи молӣ рузе не, рузе ҳатман фуру меравад, вале дар ин сурат натиҷа боз ҳам мудҳиштар мешуд ва миқёси норизоият ва эътирозҳои иҷтимоии маблағгузорони фиребхурда низ ҳамин гуна бузургтар мегардид. "

Радиои Озодӣ: "Ва аммо давлати Тоҷикистон дар шароити бавуҷудомада ба хотири таскин додани маблағгузорони оҷизмондаи "Ҷамол энд Компани" бояд аз кадом шева кор бигирад?

Марат Мамадшоев: "Моликияти ин ширкат бояд дақиқ муҳосиба шавад ва ба қадри имкон ба онҳое баргардонида шавад, ки дар ин ҷо пул гузоштаанд. Масрафоти ширкат кам набуд ва шояд бахши бузурге аз маблағҳои дар ин корхона сармоягузорикардаи аҳолӣ харҷ шуда бошад.

Ва аммо дар мавриди баргардонидани ин маблағҳо бояд таносубе риоя шавад, таносубе, ки ношӣ аз усули адолати иҷтимоӣ бошад. Чунки бисёре аз мардум охирин пулашро, ки 100 ё 200 доллар буд, ба корхонаи "Ҷамол" бурд ва дар айни ҳол нафароне ҳам буданд, ки ба он ҷо сӣ ҳазору панҷоҳ ҳазор доллар ва ҳатто бештар аз он маблағгузорӣ кардаанд.

Аммо бояд пеш аз ҳама ба сурати оҷил моликияти бозмондаи "Ҷамол энд Компани"-ро муҳосиба ва боздошт намуда, суратҳисобҳояшро низ мунҷамид кунанд."

XS
SM
MD
LG