Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи об дар Душанбе боз мешавад



Нурмуҳаммади Холзода



Дар рузҳои баргузории Конфаронси байнулмилалии "Оби соф", дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи таҷҳизоту васоити ҷадиди обёрӣ гушоиш хоҳад ёфт. Хабаргузории ИТАР-ТАСС мегуяд, дар ин намоишгоҳ беш аз 20 кишвари ҷаҳон ашёи худро ба намоиш мегузоранд.

Конфаронси байнулмилалии "Оби Соф" рузҳои 30 август ва 1 сентябр зери назари СММ баргузор мешавад. Созмондиҳандагони конфаронс мегуянд, ки имкон дорад дар рузҳои фаъолияти намоишгоҳ тоҷирон дар бораи харидории таҷҳизоти зарурӣ бо ширкаткунандагони намоишгоҳ қарордод имзо кунанд.

Ширкатҳои Арабистони Саъудӣ барои намоишгоҳ лулаҳои шишаиву плостикиро овардаанд, ки муҳлати истифодаи онҳо ду баробар бештар аз лулаҳои фулузӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG