Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамрохон Зарипов: "Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ аст."



Нурмуҳаммади Холзода

Мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Амрико бо рузномаи "Вашингтон Дипломат".

Ҳамрохон Зарипов - сафири тозаинтихоби Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - дар посух ба суолоти хабарнигори рузномаи "Вошингтон Дипломат" ҷанбаҳои муҳими ҳаёти Тоҷикистонро аз солҳои поёни ҷанги дохилӣ то ҳол ба таҳлил гирифтааст.

Вай мегуяд, баъд аз фурупошии Шуравии собиқ шояд амрикоиҳо Тоҷикистонро аз харита бо мушкилӣ пайдо ва ё номи ин кишварро бо душворӣ талаффуз мекарданд. Вале баъд аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ва оғози мубориза бар зидди терроризм дар Афғонистон, акнун Тоҷикистон барои амиркоиҳо номи ошност.

Ба гуфтаи Ҳамрохон Зарипов, дар солҳои ҷанги дохилӣ Тоҷикистон 7 миллиард доллар зарар дид ва 40 дар сади қудрати тавлидотии худро аз даст дод. Вале дар се соли ахир рушди иқтисод 10 дарсадро ташкил медиҳад. Оқои Зарипов мегуяд, дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ рушди иқтисод ба 13 дарсад расидааст. Бо вуҷуди ин Тоҷикистон аз ақибмондатарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва аз се ду ҳиссаи аҳолии шашмиллионнафараи он рузе камтар аз 2 доллари амрикоӣ даромад мегиранд.

Ҳамрохон Зарипов меафзояд, ҳоло дар Амрико ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад, ки аксари онҳоро яҳудиҳои тоҷикзабон ташкил мекунанд. Онҳо аслан дар шаҳри Нйю-Йорк сукунат доранд. Ҳоло онҳо ва фарзандонашон ба унвони табибу ҳуқуқдон ва муҳандиси компютер ном баровардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар ин мусоҳиба ба масоили сиёсӣ пардохта мегуяд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Шуравии собиқ ягона кишварест, ки бо ҳизби исломӣ созиш кард ва ҳоло дар парлумон ду курсиро намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломӣ ишғол мекунанд.

Ба гуфтаи оқои Зарипов, ҳоло Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ амнтарин кишвар ба шумор меравад ва меҳмонони хориҷӣ метавонанд, бидуни ҳарос ба ҳар минтақаи Тоҷикистон сафар кунанд. Дар ду моҳи ваколати Ҳамрохон Зарипов дар мақоми сафир 200 сайёҳи амиркоӣ барои сафар ба Тоҷикистон виза ё раводид гирифтаанд.

Дар даҳ соли ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маблағи 490 милён доллар барномаҳои Тоҷикистонро сармоягузорӣ кардааст. Гузашта аз ин, вазорати дифоъи Амрико ба таври изофӣ 73 миллион доллар кумакҳои моддии башардустона расондааст. Аз соли 1993 ба ин су тақрибан ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои омузиш ва табодули таҷриба ба Амрико, ба вижа ба донишгоҳҳои аёлатҳои Колорадо ва Небраска сафар кардаанд.

Аз соли 1989 Душанбе ва Боулдер бародаршаҳр мебошанд ва ҳоло дар шаҳри Боулдер як чойхонаи тоҷикӣ ба маҳалли зиёрати сайёҳон табдил ёфтааст. Ҳоло аҳолии Боулдер тақрибан 660 ҳазор доллар ҷамъоварӣ кардаанд ва мехоҳанд дар хиёбони марказии Душанбе бо ороиши колорадоӣ як интернет-кафе дуруст кунанд ва дар он 18 компютер гузоранд.

Ҳамрохон Зарипов дар иртибот бо сиёсати хориҷии Тоҷикистон мегуяд, ки кишвараш бо Русия дар маҷмуъ робитаи хуб дорад, ба вижа дар заминаи сиёсӣ ва низомӣ. Нируҳои Русия дар Тоҷикистон мустақаранд. Вале сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Русия бо Тоҷикистон қонеъкунанда нест.

Ҳамрохон Зарипов дар бораи муносиботи Тоҷикистону Узбакистон мегуяд, дар давоми даҳ соли истиқлолият ин муносибот борҳо ба тирагӣ гароид. Вале баъди аз байн рафтани Ҷунбиши Исломии Узбакистон дубора ин муносибот ру ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Дар муқоиса бо кишварҳои дигари нафтхези минтақа-Қазоқистону Туркманистон, Тоҷикистон захоири зиёди сухт надорад ва умедвор аст, ки бо эҳдоси ниругоҳҳои барқи обӣ рушди иқтисодиашро таъмин кунад. Сохтмони ниругоҳи Роғун идома дорад ва дар сурати такмил ин ниругоҳ ба Афғонистону Покистон ва Чин нируи барқ содир мекунад. Ҳоло 40 дарсади сохтмони он ба поён расидааст ва барои такмили корҳои сохтмонӣ як миллиарду 200 миллион доллари дигар зарур аст.

XS
SM
MD
LG