Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони чиноӣ ба Душанбе омаданд



Мирзонабии Холиқзод



Як ҳайъати 14 нафараи музофоти Сичуани Чин барои рушди ҳамкорӣ дар бахши саноат, транспорт ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, 12 август бо мақомоти вазорати саноати ин кишвар мулоқот анҷом дод.

Бар асоси хабари вазорати саноати Тоҷикистон, сафари чандрузаи ҳайъати чиноӣ ба Тоҷикистон ва ошноии ин ҳайъат бо имкононти саноат ва иқтисоди ин кишвар имкон медиҳад, ки барои татбиқи як қатор тарҳҳои муҳим барои ҳар ду ҷониб шароит фароҳам ояд.

Абдукарим Абдураҳимов, муовини раиси департаменти мошинсозӣ ва электроникаи вазорати саноати Тоҷикистон, мегуяд, корхонаҳои мошинсозии Тоҷикистон имконоти ҳамаҷониба ва мутаххасис доранд, аммо азбаски ин соҳа бозори харидор надорад ва аз сармоягузорй дур мондааст, беш аз 10 сол аст, ки бекор хобидаанд.

Ба назари у, Чин кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон аз нигоҳи саноат ва кишоварзӣ шароити ҳамсон бо Тоҷикистон дорад ва ҳарду ҷониб метавонанд, ҳамкориҳои судманд дошта бошанд.

Ба гуфтаи у ҳайъати музофоти Сичуан изҳори омодагӣ намуд, ки дар соҳаи транспорт бахусус дар соҳаи роҳи оҳан бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ва дар ин чаҳорчуб дар таъмиру тармими роҳҳои мошингарди Тоҷикистон саҳм гирифта, ба ин кишвар қатора ва вагонҳои мусофирбару борбар мефиристад.

XS
SM
MD
LG