Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Ҷон Абизайд мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Ҷон Абизайд, фармондеҳи тозатаъиншудаи Ситоди марказии фармондеҳии неруҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, рузи душанбе, 11 август бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.

Генерал Ҷон Абизайд баъд аз анҷоми мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳудуди яку ним соат тул кашид, ҳозир шуд, танҳо бо хабарнигори Радио ва Телевизони Давлатии Тоҷикистон суҳбат кунад.

У бо хабарнигори ин расона низ ҳадафи сафар ва ҷузъиёти мулоқоташро бо Эмомалӣ Раҳмонов зиёд шарҳ надод ва танҳо гуфт, ғараз аз ин сафар ва мулоқотҳояш ошноӣ бо мақомоти кишварҳои минтақа ва ташхиси авзои амниятӣ мебошад.

Генерал Ҷон Абизайд бо изҳори қаноатмандӣ аз нахустин мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва саҳми ин кишвар дар мубориза бо терроризм гуфтааст, зимни ин дидор дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида дар соири масоил аз ҷумла масоили амниятӣ ва дифоъ барасӣ шудааст.

Ба гуфтаи роҳбари фармондеҳии марказии неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, авзои Афғонистон, идомаи мубориза бо терроризм ва бозсозии ояндаи ин кишвар низ аз масоили мавриди гуфтугу дар ин мулоқот будааст.

Генерал Абизайд дар поёни суҳбаташ бо Телевизони давлатии Тоҷикистон таъкид кард, зимни ин мулоқот масоили амниятӣ ва суботи минтақа ба таври умумӣ баррасӣ шудааст ва аз кадом барномаи мушаххасӣ ҳамкорӣ ҳарфе нарафтааст.

XS
SM
MD
LG