Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони интизомиро дастгир карданд



Абдуқайюми Қаюймзод



Додситони шаҳри Душанбе хабари боздошти як идда аз кормандони ниҳодҳои интизомии кишварро тасдиқ кард. Ҳабибулло Воҳидов, додситони шаҳри Душанбе, гуфт, афроди боздоштшуда кормандони вазорати умури дохила ва вазорати амният мебошанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст.

Ба пояи иттилоъи додситони пойтахт кормандони вазорати амният ва умури дохила дар таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсии маҷбурӣ бо духтари ноболиғ, суистифода аз мансаб, пинҳон доштани ҷиноят, наҷустани чораҳои пешгирӣ ба ҳангоми вуқуи ҷиноят муттаҳам мешаванд.

Ҳарчанд Ҳабибулло Воҳидов аз гуфтани ҷузъиёти бештари ин қазия худдорӣ кард, аммо гуфт, дар пайи боздошти ин афрод, соҳибкорон, бархе аз атбои хориҷӣ ва узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон Қосим Раҳимов бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар маҷмуъ алайҳи чордаҳ нафар бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ба парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG