Хиромон БақозодаМусоҳиба бо хабарнигори мустақили тоҷик Зафар Абдуллоев.
Зафар Абдуллоев, хабарнигори мустақили тоҷик, дар мақолааш дар нашрияи электронии созмони "Интернюс-Тоҷикистон" гуфтааст, рушди нашрияҳои интернетӣ дар кишвар солҳои наздик ғайримумкин аст.
У мегуяд, як силсила мушкилиҳо ба муассисони чунин нашрияҳо имкон намедиҳад фоидаи хубе аз ин кор дошта бошанд. Дар чанд соли наздик, мегуяд Зафар Абдуллоев, хабаргузориҳои Тоҷикистон аз эҷоди шабакаҳои ҳарсоатаи нашри хабарҳо ё сайтҳои онлайни интернетӣ худдорӣ мекунанд. Зимни мусоҳиба бо Зафар Абдуллоев, аз у пурсидам, ки ин мушкилҳо кадоманд?
У чунин гуфт: "Яке аз ин масъалаҳо ба мушкили иқтисодӣ робита мегирад, зеро тибқи ҳисоби коршиносон барои эҷоди чунин як сайт ҳадди аққал 40-50 ҳазор доллар зарур аст ва ҳамчунин барои мусоидат ба он боз солона 10 ҳазор доллар зарур аст.
Дар шумули хароҷоти айнӣ ду чизро номбар кардан мумкин аст ва он ҳам ҳатто на хароҷоти пайвастан ба интернет аст. Интернет нисбатан дастрас шудааст, аммо дар навбати аввал бояд иҷораи як маконеро дар назар гирифт. Ман фикр мекунам, ширкате, ки бо таҳияи хабарҳои фаврӣ дар интерент машғул мешавад, ҳатман бояд дар маркази шаҳр ҷойгир бошад, то ин ки шумо дастрасии озод ва фавриро ба манобеъи расмӣ дошта бошед. Ва аммо дар солҳои ахир дар Душанбе нархи иҷора хеле баланд рафта, моҳона ҳудуди ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин мушкили аввал аст. Масъалаи дигар маоши кормандони эҷодӣ аст ва бо назардошти ин ки дар сайтҳои онлайн, ё хабарҳои фаврӣ бояд танҳо мутахассисон кор кунанд, маоши онҳо ҳам бояд ба ҳамин дараҷа баланд бошад.
Ва аммо имруз дар ташкили чунин як оҷонсӣ сармоягузорон ва соҳибкорони маҳаллӣ манфиатдор нестанд, яъне онҳое, ки метавонанд рекламаи худро дар сайт ҷой диҳанд. Аз ин хотир, танҳо умеде ки мешавад баст, ин боз ба созмонҳои байналмилалӣ аст. Як мушкил агар дар дарёфти мутахассисони касбӣ дар соҳаи иттилоъотӣ бошад, масъалаи воқеан ҳам ҷиддии дигар дар мақомоти ҳукуматии кишвар аст. Вақте мо аз ташкили навъҳои ҷадиди расонаҳои хабарӣ мегуем ва манзури мо хабарҳои фаврии интернетӣ аст, мо ба масъалаи фаъолияти заъифи сохторҳои давлатӣ ва бемайлии онон ба ҳамкорӣ рубару мешавем, ки ин мушкили дигар мебошад. Ва агар мо дар андешаи таъсиси чунин як сайти онлайн бошем, фикр мекунам, як сол зарур аст, то мо мақомоти расмиро барои ҳамкорӣ дар ин самт одат кунонем ва онҳоро бо шевайи нави кор ошно гардонем."
Радиои Озодӣ: "Зафар, пас масъалаи энерживу дастарсӣ ба интернет магар монеъи рушди чунин нашрия буда наметавонад?
Зафар Абдуллоев: "Воқеан ҳам масъалаи норасоии неруи энержӣ дар Тоҷикистон эҳсос мешавад. Мо медонем, ки дар мавсими сармо аксари навоҳӣ ва ҳатто баъзе манотиқи пойтахт ҳам ба ин мушкил ру ба ру ҳастанд. Ва аммо ба андешаи ман, дар солҳои минбаъда ин масъалаҳо то андозае ҳалли худро меёбанд. Манзури ман барномаҳои сохтмони ниругоҳҳои барқӣ ва дигар талошҳо дар ин самт мебошад.
Дигар масъала ин дастрасӣ ба интернет аст, аммо дар ин маврид ҳам гуфтан лозим аст, ки бояд ба назар гирем, теъдоди ширкатҳои таъминкунанади интернет зиёд мешаванд ва шумораи корбарони интернет дар кулли манотиқи Тоҷикистон ҳам тадриҷан меафзояд. Тибқи баъзе маълумот, ҳудуди 10-15 ҳазор аҳолии кишвар ҳафтае як бор ба интернет ру меорад. Аммо ин ҳам кам аст. Аз ин ру, бояд дар назар гирифт, ки саҳфаҳои онлайни интернетӣ на барои муштариёни дохили Тоҷикистон, балки корбарони беруна зарур аст.
Бо назардошти ин ки ширкатҳои интернетӣ имруз ҳатто дар Бадахшони куҳиву ҷануби Тоҷикистон роҳ ёфтаанд, дар ин масъала ҳам пешравиҳо ба мушоҳида хоҳанд расид. Ва бо зиёдшавии ширкатҳои рақиб имкони хеле поин рафтани нархи интернет ҳам дар назар аст. Бале, ин ду масъала ҳам мисли масоиле ки пештар гуфтам, ҳамчунон доғ боқӣ мемонанд ва аммо умед ҳаст, ки ҳалли онҳо дар чаҳор панҷ соли наздик имконпазир мегардад ва онҳо ба мавқейи дуюм мекучанд."
Радиои Озодӣ: Зафар, бо назардошти ин ки имруз дар Тоҷикистон ҳадди аққал нашрияҳо ҳамаруза нашр намешаванд, оё метавон гуфт, ки гуруҳҳо ё хабаргузориҳое мавҷуданд, ки аз уҳдаи нашри ҳарсоатаву ҳарлаҳзаинаи хабарҳои тоза аз ҳаёти Тоҷикистон бароянд?
Зафар Абдуллоев: "Ба фикри ман чанд гуруҳе ҳаст, ки аз уҳдаи иҷрои ин кор мебарояд. Дар навбати аввал ин оҷонсиҳое мебошанд, ки имруз фаъоланд. Ман метавонам дутои онҳоро номбар кунам, ин хабаргузориҳои "Вароруд" ва "Азия Плюс" мебошанд. Инҳо сайти иттилоъотии худро доранд ва ҳамаруза онро нав мекунанд. Ва инҳо созмонҳои омодаи ин кор ҳастанд. Ва аммо ба андешаи ман онҳо феълан ҳозир нестанд, ки бо чунин барномаҳо машғул шаванд.
Агар аз суе онҳо бо лоиҳаҳои дигар банд бошанд, аз суи дигар онҳо ба ингуна барномаҳо аз назари иқтисодӣ омода нестанд. Агар онҳо чунин барномаҳоро роҳандозӣ кунанд, пас ин як ширкати хайрияйи онҳо дар бозори иттилоъотӣ хоҳад буд.
Ва сайтҳои интернетии онлайн дар дигар кишварҳои ҷаҳон одатан аз суе маблағгузорӣ мешаванд ва фоида ҳам ба даст намеоранд. Ин мисли як кумаки иттилоъотӣ ба аҳолӣ мегардад. Баъзе гуруҳҳои дигар ҳам дар Тоҷикистон мавҷуданд, ки дар андешаи чунин сайтҳо ҳастанд. Ва инҳо ҳам боз ба кумаки беруна ниёз доранд. Чунин як таҳқиқоте, ки дар дохил дар миёни сармоягузорони эҳтимолӣ анҷом ёфта буд, нишон дод, ки ҳатто на ҳамаи онҳо аз мафҳуми интернет огаҳанд."