Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи ҳероину афюн имсол афзудааст



Мирзои Салимпур



Дар зарфи 6 моҳи аввали сол дар Тоҷикистон 4 379 кило ҳероину афюн боздошт шудааст.

Барои муқоиса, дар ин давра, ба навиштаи хабаргузории "Интерфакс", дар Қазоқистон 275 кило ва дар Узбакистон 200 кило маводи мухаддир кашф шуд. Дар Қирғизистон тайи нимаи аввали сол аз он ҳам камтар, ҳамагӣ 87 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон дар умури мубориза бо маводи мухаддир мегуяд, Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон дар мавриди кашфу муодираи маводи мухаддир ҳисоб шуда, ҳамоно як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба суи бозорҳои қораи Аврупо боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG