Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозсозии хати фурудгоҳи Душанбе оғоз шуд



Раҳматкарими Давлат



Бозсозии муҷаддади хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шудааст. Қисмати умдаи маблағи ин барномаро, ба сурати кумаки бебозгашт ҳукумати Фаронса пардохт мекунад.

Ахиран дар шаҳри Душанбе дар ин замина як созишнома миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва вазорати дифоъи Фаронса ба имзо расид. Техникаи лозим барои бозсозии фурудгоҳ аз Фаронса оварда шуда ва қарор аст, дар зарфи панҷ моҳ барномаи бозсозии фурудгоҳ ба анҷом бирасад.

Барои анҷоми кори бозсозии фурудгоҳ дар маҷмуъ чорунин миллион доллар зарур аст. Қарор аст, дар ҳафтаи оянда чиҳил нафар аз мутахассисони фаронсавӣ барои тармими фурудгоҳи Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон биёянд.

Фаронса танҳо кишвари ғарбӣ ва узви Эътилофи зиддитеррористӣ мебошад, ки неруҳои худро дар Тоҷикистон мустақар кардааст. Бештар аз якуним сол инҷониб низомиёни Фаронса, ки дар ҳайъати неруҳои байналмиллалии кумаки амниятӣ дар Афғонистон адои вазифа мекунанд, аз фурудгоҳи Душанбе истифода мебаранд.

Сарбозони фаронсавӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҷойгиранд ва неруҳои Фаронса дар Афғонистон низ таввасути фурудгоҳи Душанбе икмол мешаванд. Ба таври муназзам парвози ҳавопаймоҳои Фаронса аз фурудгоҳи Душанбе ба Кобул ва шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG