Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораҳо бо компутар муҷаҳҳаз мешаванд



Мирзонабии Холиқзод



Дафтари матбуоти вазорати саноати Тоҷикистон 1 август итиллоъ дод, ки ширкати "Некст Трейд Корпорейшн"-и Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи компутаркунонӣ хостори ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон шуд.

Намояндаи вазорати саноат Абдурауф Ҷураев гуфт, ахиран як ҳайъати ширкати мазкур, таҳти раҳбарии сарвари он Қарин Ғаффорӣ, дар Тоҷикистон бо намояндагони як қатор идораву вазоратхонаҳо, аз ҷумла бо вазорати саноати кишвар мулоқот анҷом дод.

Бар асоси тарҳи ҳамкорӣ, ширкати амрикоӣ корҳои ҷамъубасти кампутарҳоро дар Тоҷикистон анҷом дода, сохторҳои давлатиро бо муҳимот ва абзори зарурии кампутар таъмин хоҳад кард.

Ба гуфтаи оқои Ҷураев, ин нахустин ширкати амрикоӣ дар соҳаи компутар мебошад, ки мехоҳад бо ҳукумати Тоҷикистон ва бо вазоратхонаҳои он дар раванди компутарикунонӣ дар ин кишвар ҳамкории амалӣ дошта бошад.

Мақомоти Тоҷикистон аз иқдоми "Некст Трейд Корпорейшн" истиқбол намуданд. Ширкати амрикоӣ гуфтааст, пешниҳодоти сохторҳои давлатии Тоҷикистонро ҳамаҷониба омухта, барномаи ҳамкориро дар наздиктарин фурсат пешниҳод хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG