Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанҷоли додситон бо ширкати ҳавоӣ



Абдуқайюми Қайюмзод

Раиси ширкати ҳавоӣ Шодимад Мирзоалимов иттиҳомоти эъломкардаи додситони нақлиётро рад кард.

Шодимад Мирзоалимов, раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон", иттиҳомоти додситони нақлиёти кишварро рад кард. Додситони нақлиёти Тоҷикистон раиси ширкати ҳавопаймоиро бо фасоди молӣ, тасарруфи маблағи муассиса ва саҳлангорӣ мутаҳҳам кардааст.

Аммо Шодимад Мирзоалимов зимни як тамоси телефонӣ ин иқдоми додситониро туҳмати маҳз ва ғаразнок тавсиф кард: "Прокурори нақлиёт Муҳаббатов, ба сабаби он ки чанд талаботи уро ман иҷро накардам, дар муддати як сол аз қонун суиистифода карда, ба воситаи садову симо ва рузномаҳо қасд гирифтан мехоҳад. Он парвандаи ҷиноятие, ки оғоз шудааст, ягон асос надорад."

Оқои Мирзоалимов гуфт, тайи чизе бештар аз ду соли фаъолияташ ба ҳайси раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" пешравиҳои назаррас дар кори ширкат ба мушоҳида расидааст. Ба эътиқоди раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон", додситони нақлиёти кишвар Қурбоналӣ Муҳаббатов бидуни тасдиқи далоил дар додгоҳ вайро дар қонуншиканӣ ва навоқисе, ки замони раҳбарии раиси собиқи ширкати ҳавопаймоӣ Мирзо Мастонгулов дар солҳои 1993-1999 рух додааст, айбдор мекунад.

Шодимад Мирзоалимов мегуяд: "Муҳаббатов дар ҳама ҷо менависад, ки раҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон", аммо кадом раҳбари ин ширкат, у намегуяд. Ҳозирааш ва ё пештарааш? Дар муддати кори раҳбарии ман ягон тини давлат ба ҷойе нагузаштааст. Ягон чеки давлат ба ҷойе нагузашта, ягон кас онро дуздӣ накардааст. Муҳаббатов мехоҳад суииистеъмол кунад, чунки бо мо вай кор карда натавонист."

Аммо мегуяд оқои Мирзоалимов, додситони нақлиёт аз як сол ба ин тараф бо тафтишоти мукаррар дар фаъолияти ин ширкат халал ворид мекунад. Шодимад Мирзоалимов ҳамчунин афзуд, ки нисбат ба тафтишоти ғайриқонунии додситонии нақлиёти Тоҷикистон ҳануз дар аввали моҳи майи соли равон ба додситони кулли кишвар изҳори нобоварӣ кардааст.

Аз ҷаноби Мирзоалимов бо истифода аз фурсат ба чанд суол посух гирифтам. Аз ҷумла раиси ширкати ҳавопаймоӣ қазияи марбут ба хазинадори ширкат Гулнора Долидзеро, ки ба дуздии маблағи зиёди муассиса муттаҳам мешавад, тасдиқ кард: "Гулнора Долидзе дар соли 1998 дуздӣ кардаааст. Ин дар даври ман набуд, вале Муҳаббатов инро тавре нишон медиҳад, ки ин ҳоло шуда бошад."

Аммо Шодимад Мирзоалимов ин айбро, ки тайёра ва чархболҳои ширкати ҳавопаймоӣ бо нархи поинтар аз дигар кишварҳои собиқи шуравӣ ба иҷора дода шудааст, нодуруст хонд. Вай гуфт: " Он маблағҳое, ки ба хазинаи давлат ворид нашудаанд, асосан марбути солҳои 1993-1999 мебошанд. Лекин Муҳаббатов солашро намегуяд, гуё ки ҳозир шуда бошад. Ҳозир ҳамагӣ 1 тайёраи ТУ-154 дар Эрон ва 2 чархбол дар Африқо кор мекунад. Онҳо пулашро саривақт ҳар моҳ мегузаронанд. Вай дар бораи тороҷи 1 милён, 1,2 милён ва ё 3,7 милён менависад, лекин он солҳои 1993-1999 дар вақти Мастонгулов буд, ки як қисми тайёраву чархболҳоро дода, пули онро гирифта натавонистанд."

Додситони нақлиёти Тоҷикистон Қурбоналӣ Муҳаббатов бо ирсоли як нома ба ҳукумати кишвар дар вазифааш боқӣ мондани Шодимад Мирзоалимовро номатлуб хонда, дархост кардааст, то ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирад.

Аммо Шодимад Мирзоалимов гуфт, ин бори панҷум аст, ки додситони нақлиёт чунин талабро ба ҳукумат пешниҳод мекунад, вале ҳар дафъа ва ҳоло низ ин пешниҳод пазируфта нашудааст.

Аммо парвандаи ширкати ҳавопаймоӣ барои тафтишоти такрорӣ ба ихтиёри додситони кулли кишвар супорида шудааст. Ҳамчунин додситони кулли кишвар фаъолияти додситони нақлиётро мавриди тафтиш ва санҷиш қарор додааст.

XS
SM
MD
LG