Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов истеъфои Зоировро пазируфт



Раҳматкарими Давлат



Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархости истеъфои Раҳматулло Зоиров, мушовири аршади худ дар умури ҳуқуқиро пазируфт. Раҳматулло Зоиров, ки ҳамзамон раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон низ мебошад, бо баргузории раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосӣ мухолифат кард.

Ҳизби у хостори ба таъвиқ андохтани замони баргузории ҳамапурсӣ шуд, вале ба дунболи он ки пешниҳодаш мадди назар гирифта нашуд, аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки бар мухолифи ислоҳоти Қонуни Асосӣ раъй диҳанд. Раҳматулло Зоироф баъд аз баргузории ҳамапурсӣ, истеъфои худро аз мақоми мушовирӣ эълон кард.

Ҳизби Сотсиал-Демократӣ акнун ба мавқеъи мухолифати худ бо ҳукумати Тоҷикистон таъкид кардааст. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби Сотсиал Демократ мегуяд: "Мо оппозитсияи конструктивӣ ҳастем ва мемонем. Ман ҳар баромад таъкид мекунам, ки мо оппозитсияи конструктивӣ мебошем."

ҲСДТ танҳо ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар аст, ки расман мухолифати худ бо ҳукуматро эълон кардааст. Аммо Ҳизби Демократи Тоҷикистон, бо вуҷуде ки ҳамапурсиро ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосӣ таҳрим карда буд, дар анҷумани охирини худ мавқеъи ҳамкорӣ ва шарикӣ бо ҳукуматро барои худ интихоб намуд.

XS
SM
MD
LG