Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси низомиён ба сари таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Вазири дифоъи Тоҷикистон иллати таъхир дар бунёди пойгоҳҳоро ба ҷониби Русия вобаста медонад.

Ҳайъати низомиёни вазорати дифоъи Русия дар раъси сардори ситоди Неруҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар, генерал Александр Морозов аз авоили ҳафтаи равон бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии рақами чаҳори Русияро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.

Ҳануз аз соли 1999, бо имзои созишномаи махсус президентҳои ҳар ду кишвар барои таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар заминаи фирқаи 201 - и пиёданизоми артиши Русия, асос гузошта буданд.

Ин санад баъдан тавассути Думаи Давлатии Русия ва парламенти Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ва ҳама монеаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати ташкили пойгоҳии низомии Русия дар ҳудуди Тоҷикистон аз байн бурда шуд.

Аммо ҳарчанд аз имзои созишномаи мазкур панҷ сол сипарӣ мешавад, масоил ва мушкилоти вобаста ба ташкили пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, Русияро чун пешина шарики стратегии кишвараш хонд. Вай хабари бархе аз расонаҳоро дар мавриди ин ки гуё Амрико барои рухсат надодани таъсиси пойгоҳи низомии Русия як миллиард доллар ба Тоҷикистон ваъдаи кумак кардааст, рад кард.

Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфт, ки музокироти низомиёни ҳарду кишвар усулан руи ҷузъиёти таъсиси ин пойгоҳҳо идома дорад ва иллати таъхир дар бунёди пойгоҳҳоро ба ҷониби Русия баста донист.

Ҷаноби Хайруллоев афзуд: "Ба манзури он ки аз лиҳози ҳуқуқӣ иштибоҳе нашавад, мо музокирот пеш мебарем. Барои он ки ин аснод ҳам бо Қонуни Асосии Русия ва ҳам бо қонунҳои Тоҷикистон мувофиқат кунад, то ки баъдан ихтилофи назар ба вуҷуд наояд. Таъхир дар ин масъала аз соли 1999 ба ин тараф бо айби ҷониби Русия аст. Онҳо метавонистанд, ки соли 2000-ум оянд, соли 2001-ум оянд. Мо талош кардем, ки ҳайъати низомии Русия ба Тоҷикистон ояд ва масъаларо баррасӣ кунад."

Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки тағйирот дар авзоъи ҷаҳон ва минтақа, пас аз ҳаводиси маълуми Афғонистон дар соли 2001, ки боиси вуруди неруҳои Амрико ва кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ -НАТО ба Афғонистон ва ҷамоҳири Осиёи Марказӣ гардид, дар равобити Русия бо ин кишварҳо дурангиҳоро ба вуҷуд овард.

Ҷомеашиноси тоҷик, Рашид Ғанӣ мегуяд, барои кишвари кучаке мисли Тоҷикистон, ки иқтисодаш заиф аст, мавҷудияти пойгоҳи низомии Русия гарави таъмини амнияти уст: "Номуайянии мавқеъи Русия нисбат ба Осиёи Марказӣ ва ба ҳам омадану ба ҳам бархурдани чандин тамоюл дар худи Русия роҷеъ ба нигоҳ доштан ё нигоҳ надоштани ҳузури низомӣ ё сиёсии худ дар Осиёи Марказӣ, ба назари ман имконият намедиҳад, Русия сиёсати мушаххасро пайравӣ намояд ва аз ин ру ба сурати умум Тоҷикистон ба назари банда аз ҳузури низомии Русия аз зарар дида фоидаи бештар дорад, чун ин яқин аст, ки дар дунёи атроф Тоҷикистон агар душман надошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол дуст ҳам надорад."

Аммо ба назари ҷомеашиноси дигари тоҷик, Қосимшо Искандаров, Русия ҳарчанд дучори мушкилоти иқтисодист ва раванди мураккаби давраи гузаришро пушти сар мекунад, аз таъсиси пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистон даст нахоҳад кашид. Вале Русия ба хотири бақо ва идомаи нуфузаш дар Осиёи Марказӣ ва ба хусус дар Тоҷикистон ночор аст, манофеъи кишварҳои ғарбӣ ва Амрикоро ба эътибор бигирад. Ба назари оқои Искандаров воқеият ин аст, ки Русия дигар наметавонад, дар танҳоӣ Осиёи Марказиро дар қабзааш нигаҳ дорад.

Иддае аз коршиносони дигар коҳиш додани теъдоди муҳассилини низомии тоҷик дар омузишгоҳҳои Русия, дар ихтиёри марзбонони Тоҷикистон вогузории ҳифозати панҷсад километр хати марзи ин кишвар бо Чин ва ҳамчунин то ҳоли ҳозир норушан боқӣ мондани сарнавишти Неруҳои марзбонии Русия дар марзҳои Тоҷикистонро, ки муҳлати фаъолияти даҳсолаи қонуниашон хотима ёфтааст, нишонаҳои тирагии равобити низомии Тоҷикистону Русия меҳисобанд.

Аммо Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон мегуяд, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ташкил мешавад ва музокироте, ки ҳайъати низомиёни Русия пеш мебаранд, танҳо барои мушаххас кардани баъзе аз ҷузъиёт аст. Оқои Хайруллоев гуфт, ки барои мисол ҳоло чаҳор созишнома дар заминаи созишномаи соли 1999 омода шудааст ва ҷонибҳо масоили молӣ, ҳуқуқӣ, теъдоди сарбозон ва мақарри ҷойгиршавии пойгоҳро муайян ва дақиқ хоҳанд кард.

Вазири дифоъ ҳамчунин афзуд, ки барои мисол ҷониби Русия барои ҷойгирсозии пойгоҳ 15 гектар замин талаб кардааст, аммо шаҳрдории Душанбе ҳамагӣ 11 гектар ҷудо кардааст. Дар ҳоли ҳозир ҳайъати вазорати дифоъи Русия барои чаҳор гектари дигар бо мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид дорад.

XS
SM
MD
LG