Мирзонабии Холиқзод
Ролф Экеус, Комиссари Олии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури аққалиятҳои миллӣ, пас аз мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, 23 июл дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, мавзуи аслии дидораш вазъи намояндагони аққалиятҳои миллӣ масоили таълиму парвариш, ширкати намояндагони аққалиятҳои миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуд дар ин замина буд.
Оқои Экеус афзуд: "Ман масъалаҳоеро бардоштам, ки ба вазъи ҳуқуқии намояндагони аққалиятҳои миллие, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, дахл доштанд. Масалан дар бораи узбакҳо ҷамъияти қирғизҳо русҳо ва намояндагони аққалиятҳои миллии дигар суҳбат кардем. Ҳамчунин дар бораи вазъи тоҷиконе, ки дар беруни Тоҷикистон ба сар мебаранд, аз ҷумла дар бораи вазъи тоҷикони Узбакистон баҳс намудем. Яке аз проблемаҳои муҳиме, ки дар минтақа вуҷуд дорад, масъалаи равуои мардум дар марзҳои кишварҳои минтақа мебошад. Ин масъалаест, ки тақрибан ҳамаи намояндагони аққалиятҳои миллӣ чӣ дар Узбакистон ва чӣ дар Тоҷикистон ё Қирғизистон аз он ёдовар мешаванд."
Ролф Экеус афзуд, то мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон чанд дидору гуфтугу бо намояндагони ҷамъиятҳои аққалиятҳои миллие, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, доштааст. Ва аз забони онҳо дар бораи мушкилоти ҷамъиятҳояшон огоҳ шудааст.
Бино ба иттилоъи Кумитаи омори Тоҷикистон дар ин кишвар беш аз як миллион узбекҳо ва наздик ба 60 ҳазор русҳо ва аз ин камтар қирғизҳо ва туркманҳо ва намояндагони миллатҳои дигар ба сар мебаранд.