Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳри Арал назар ба он ки тассавур мерафт, зудтар хушк хоҳад шуд



Соҷидаи Мирзо

Ба назари донишманди рус, ин баҳр баъди 10-15 соли дигар комилан аз байн хоҳад рафт.

Пажуҳишҳои ахир ба он далолат мекунанд, ки баҳри Арал аз он чӣ интизор мерафт, бо суръат хушк мешавад ва эҳтимолан то 15 соли дигар ба як чолаи об табдил меёбад.

Баҳри Арал - чаҳорумин баҳри бузурги дарунмарзии ҷаҳон, ки дар қаламрави Узбакистон ва Қазоқистон ҷойгир шудааст, солҳои 1960-70 баъди гардиши ҷараёни дарёҳо, захираи аслии баҳр, ба суи заминҳои кишти пахта, ру ба хушкидан овард.

Ҳаҷми феълии баҳр ба чаҳоряки ҳаҷми панҷоҳ соли пеш баробар буд, ба ду қисм ҷудо шудааст. Пажуҳишҳои соли 1990 мегуфтанд, ки то соли 2002-ум сатҳи баҳр аз 57 метри солҳои 1965 то 34 метр поён рафта, миқдори намак дар об ба 1,6 дар сад баробар шудааст.

Аммо таҳқиқоти Пётр Завиалов, донишманди рус аз Пажуҳишгоҳи уқёнусшиносии Маскав нишон дод, ки сатҳи баҳр акнун ба 57 метр баробар шуд ва сатҳи намак дар он аз обу шури баҳри маъмулӣ баробар афзунтар шудааст.

Донишманди рус Леополд Лапковкий аз пажуҳишгоҳи Уқёнусшиносии маскав дар ин бора чунин мегуяд: "Пажуҳиши Завиалов нишон дод, ки дар ҳар як литр оби баҳр 300 грамм намак вуҷуд дорад. Ба сурати умум баҳри Арал вуҷуди ягона нест. Он ба ду бахш, бахши Ғарбиву Шарқӣ ҷудо шуда қисми шарқии он ба хушкшавӣ наздик аст."

Профессори рус Завиалов хушкшавии босуръат ва афзоиши намаки баҳрро механизми бозтоб арзёбӣ мекунад. Истифодаи оби дарёҳо дар кишту кор Аралро аз сарчашмаи бақо маҳрум кардааст. Афзоиши баҳр аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ҳам дигар ақидаи оптимистона ба назар намерасад.

Тибқи пажуҳиши у теъдоди зиёди намаки бахши шарқӣ ба қисмати ғарбӣ мерезад ва дар қаҳри баҳр такшин мешавад. Шамолҳои сахти минтақа туфони намакро ба ҳаво мебардорад ва муҳитро харобу мардуми атрофи баҳрро нотоб мекунад.

Аз донишманди рус аз Пажуҳишгоҳи уқёнусшиносии Маскав пурсидам, дар ҳоле ки Узбакистон намехоҳад, ки пахта маҳсулоти стратегии кишварашро қурбони Арал намояд, оё сарнавишти баъдии баҳр чӣ хоҳад шуд?

Оғои Лапковский гуфт: "Сарнавишти баҳри Аралро пешгуи намудан душвор аст, зеро дар баҳри Каспий низ ҳамин гуна тамоюли хушкшавӣ вуҷуд дошт, вале баъдан вазъ тағйир кард. Аммо ман дар ин масъла ақидаи худро дорам. Ба назари ман дар ниҳояти кор баъди 10-15 соли дигар Арал комилан аз байн хоҳад рафт."

Барномаи муҳити зисти Созмони Милал - ЮНЕП мегуяд, ки ҳамаруза шамол 200 ҳазор тонна намаку регро аз гушаҳои хушкидаи баҳр баланд мекунад ва чарогоҳу заминҳои киштро дар дар масофаи 300 километрии баҳр аз байн мебарад.

XS
SM
MD
LG