Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Иҷрои барномаи коҳиши фақр қаноатбахш аст"



Мирзои Салимпур



Сандуқи Ҷаҳонии Пул рузи душанбе эълом дод, ки гузориши аввалаш дар бораи назорати ҷараёни татбиқи барномаи коҳиши фақри ҳукумати Тоҷикистонро анҷом додааст. Сандуқи Ҷаҳонии Пул иҷрои ин барномаро дар моҳи декабри соли гузашта бо ваъдаи 90 милён доллар маблағгузорӣ фаъол сохта буд.

Акнун ҳукумати Тоҷикистон метавонад ба дарёфти боз як кумаки 11-милёндолларии ин созмони молиявӣ дар роҳи иҷрои стротегияи коҳиши фақри аҳолиаш умед бандад.

Намояндаи Сандуқи Ҷаҳонии Пул Шигемитсу Сугисаки иҷрои барномаи коҳиши фақр аз суи ҳукумати Тоҷикистонро дар соли гузашта қаноатбахш ва суръати рушди иқтисодӣ дар он кишварро қавӣ арзёбӣ кард. Оқои Сугисаки зимнан сарфаи боз ҳам бештари хароҷоти давлатӣ ва беҳтар сохтани низоми ҷамъоварии молиётро барои ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст.

XS
SM
MD
LG