Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба Тоҷикистон 5 миллион евро медиҳад



Раҳматкарими Давлат



Дар шаҳри Душанбе маросими имзои як қарордод миёни Тоҷикистон ва Олмон баргузор шуд. Бар асоси ин қарордод, Олмон ҷиҳати амалисозии як барнома дар соҳаи маориф ҳудуди 5 миллион евро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад дод.

Қарор аст, бо мусоидати молии кишвари Олмон "Бунёди хадамоти шаҳрии мусоидат ба фарогирии кудакон ба таҳсилоти ҳамагонӣ" таъсис шавад. Волфганг Кистених - сафири Олмон дар Душанбе - ба ҳангоми имзои ин созишнома гуфт, кишвараш қасд дорад, чанд барономаи дигари ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти маориф ва беҳдоштиро низ сармоягузорӣ кунад.

Олмон то ҳоли ҳозир дар амалисозии чандин барномаҳои иҷтимоии ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумлаи барномаи мубориза бо бемории сил, барномаи таъмини кудакони мактабӣ бо оби ошомиданӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG